arzon replenishment
Мижгончаспонӣ зарар дорад?
934

 

Ба наздикӣ тӯйи арӯсӣ дорам ва мисоли дигар арӯсакҳо мехоҳам миҷгони сунъӣ часпонам, вале модарам мегӯянд, ки миҷгони сунъӣ ба саломатии чашм зарар дорад.

Шунидам, ки миҷгонро ҳам химия мекунанд. Донистан мехоҳам, ки миҷгончаспонӣ ба чашм зарар дорад ё не?
Нозанин, ш. Душанбе.


Хоҳари азиз, агар мижгони худатон ғафс бошад, беҳтараш ба ҳусни додаи Худованд шукрона намоед. Имрӯз аксари бонувону духтарон ба ин амалиёт рӯ меоранд, вале аксарият намедонанд, ки баъзан мижгончаспонӣ метавонад сабабгори хурӯҷ намудани бемории чашм- конъюнктивит гардад.

Реаксияҳои шадид аз таъсири мижгони сунъӣ ва моддаҳои таркиби ширеш сар мезананд. Зарар кардани мижгони сунъиро дарҳол фаҳмидан номумкин аст ва он ягон аломату нишона надорад, то ки пешакӣ ягон чораандешӣ карда шавад.

Баъзе ширешҳои мижгончаспонӣ дар таркиби худ моддаи формалдегид доранд, ки зарар доштани онро аксари мутахассисони соҳаи зебоӣ медонанд.

Кансерогени мазкур дар таркиби лакҳои арзонбаҳо, ки барои нохун пешбинӣ шудаанд, низ вуҷуд дорад ва барои дурудароз нигоҳ доштани лаки нохун мусоидат мекунад. Истифода бурдани моддаи мазкурро бо сабаби зарарнок буданаш дар аксари кишварҳои ғарб манъ кардаанд.

Формальдегид ҳам дар таркиби баъзе ширешҳои арзонбаҳо ва қимат вуҷуд дорад. Агар бо чунин ширеш ба чашм мижгони сунъӣ часпонида шавад, он боиси обравии чашм ва хориши он мегардад. Чунин ширеш боиси рехтани миҷгонҳои табии зан мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД