arzon replenishment
Мо барои "ҳазор раҳмат" намешинем
548

Гуфтему гуфтаистодаем ва агар ислоҳ нашуд боз мегӯем, ки ин бемории беинсофии тоҷирон ҳатто дар моҳи шариф даво наёфту баръакс фишораш боло рафт. Мепурсед, ки ба кӣ? Албатта, ба халқ. Чунки ин дард танҳо дилу ҷигари мардумро месӯзонаду ҷайби тоҷирони ҳаннотро вазнин.

Тавре ки иттилоъ доред, аз 11 апрел дар бозорҳои марказии шаҳри Душанбе ярмаркаҳои маҳсулоти хӯрока (ниёзи аввал) ташкил шуд. Мо низ санаи 13-уми ҳамин моҳ ба “тамошо”-и ин ярмарка рафтем ва таассуротамонро дар матлабе иншо кардем. Воқеан нарҳо нисбат ба дохили бозор фарқ мекарданд. Намояндагони бозору ярмарка ҳам дар он ҷо “хизмат” карда истода буданд.

Ҳамчун як истеъмолгар бениҳоят аз ин иқдом хушҳол шудам. Ният кардам, ки ҳамёнамро пур карда меояму хариди идона мекунам, вале баъди се рӯз омадаму тарбуз аз бағалам афтод. Чаро? Чунки нархи як киллограмм булғорӣ, ки ҳамагӣ 3 рӯз қабл 15 сомонӣ буд, якбора ба 35-40 сомонӣ расид. Яъне, як баробар гарон шуд.

Вақте аз фурӯшандаҳо пурсидам, ки “Чаро чунин аст?”, онҳо худро ба нодонӣ зада, “охир як қуттии ҳаминро худамон бо 35 сомонӣ мегирем, аз дарунаш корношоямҳошяро гирифта мепартоем ва боқимондаро мефурӯшем. Азбаски худамон бо ин нарх мегирем, маҷбурем, ки 40 сомон фурӯшем, в-агарна хароҷоти худро намепӯшонем. Чӣ кор кунем? Охир, мо ҳам барои “ҳазор раҳмат” дар бозор нанишастем. Маҷбурем, ки ризқу рӯзиамонро аз ҳамин як - ду сӯм ёбем”, - гуфт яке аз тоҷирон бе зикри ном.

Бо худ қаноат карда, дилсӯзона баргаштам ва ҳатто хариди идона ҳам аз ёдам рафт. Имрӯз нолоҷ бо худ нақша кашидам, ки маҷбур ҳамаи маблағҳои барои “рӯзи мабодо” ҷамъ намудаамро гираму ба бозор равам.

Ҳар гоҳе симои булғориро пеши назар меоварам, дилам хун мешавад. Охир, то кай булғорӣ моро менигараду мо ӯро? Имрӯз бинам, нарх 60 сомонӣ.

Ба худ андешидам, ки ба ҷойи ҳамон як килограмм булғорӣ як килограмм гӯшт хараму хӯрокамро бе булғорӣ омода кунам, болазаттар мешавад. Тобистон, ки шуд, нархаш 3 сомонӣ мешавад ва ана он вақт онро бисёртар дар хӯрок меандозаму қасдамро аз булғорӣ мегирам.

Аз идора: Навори суҳбат бо тоҷир дар идораи сомона маҳфуз аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД