Дар Ҷашнвораи байналмилалии синамоии Забайкале филми ҳунарии "Моҳӣ дар шаст", ки маҳсули ҳунари синамогарони тоҷик мебошад, ҷоизаи асосии ҷашнвора - "Беҳтарин филм"-ро сазовор гаштааст.
Тавре коргардони филм Муҳиддини Музаффар зимни суҳбат бо журналистон гуфтааст, ин ҷоиза дирӯз дар шаҳри Читаи Русия ба гурӯҳи эҷодии филм супурда шудааст.
“Моҳӣ дар шаст” филми муштараки Тоҷикистону Эрон буда, дар ин синамоҷашнвора дар бахши филмҳои ҷавонон бо номи "Нигоҳи нав" бо 4 филми дигар рақобат намуда, сазовори ҷоизаи асосии ҷашвора гаштааст.
Ёдрас мешавем, ки синамоҷашнвораи байналмилалии Забайкале аз 21 то 24-уми май дар шаҳри Читаи Русия баргузор гашт.