sebiston july new
Моҷарои ду марди деҳотӣ бо хунрезӣ анҷом ёфт
2014

Баҳсу моҷарои лафзии ду марди аз деҳот ба пойтахт омада дар шаҳри Душанбе оқибат ба занозанӣ печида бо фоҷиа ва хунрезӣ анҷом ёфт.

Бар асари ин моҷарои хунин як нафар бо захми хуншор ба беморхона афтида, дигариро бо дастони завлона зада ба шӯъбаи корҳои дохилӣ бурданд.
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҷанҷоли хунин дар шаҳри Душанбе хабар додааст. Тавре ки манбаъ мегӯяд, ҳодиса санаи 14-январ рӯй дода, дар ҳудуди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе байни як марди 51-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ва ҷавони 37-солаи зодаи шаҳри Кӯлоб баҳсу мунозира сар задааст. Муноқишаи лафзӣ баъдан ба ҷангу ҷанҷол ва занозанӣ печида, дар рафти ин моҷаро марди 51-сола рақиби 37-солаи кӯлобиашро корд задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, фавран ба беморхона интиқол дода шуд.
Айни замон аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад ва дар сурати исбот шудани гуноҳаш марди 51-солаи ваҳдатӣ чанд соли умрашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.
Усмонзода Меҳроншоҳ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД