Arzon march 2024
Моҷарои ошиқон дар хоб чӣ таъбир дорад?
22.05.2023
ОИЛА
2541

Ҷавонеро дӯст медорам. Муносибатамон хеле гарму самимӣ аст, мегӯяд, ки ба наздикӣ ба хонаамон хостгор равон мекунад, вале аз чӣ бошад, ки чанд шаб боз дар хобам фақат бо ошиқам ҷангу ҷанҷол мекунам. Мехоҳам таъбири хобамро бидонам.

Оиша, ш. Норак

Ошиқон дар хоб бо ҳам ҷанҷолу даъво кунанд, хиёнат онҳоро аз ҳам ҷудо хоҳад кард. Духтари муҷаррад дар хоб бо ошиқаш ҷангу ҷанҷол шавад, хабари нохуше мешунавад, ки ба қавли маъруф ӯро девона хоҳад кард. Мард хоб бинад, ки бо зани дӯстдоштааш ҷангу қаҳрӣ шудааст, ба рашк ё хиёнат рӯ ба рӯ мешавад.
Зан хоб бинад, ки бо ҳамсараш ҷанҷол дорад, корҳои шавҳараш бебарор шуда, муфлис ва камбағал мешавад, вале хоб бинад, ки бачаҳояш ҷангу занозанӣ доранд, дар хонааш тӯю тамошо мешавад.

Марде хоб бинад, ки занаш аз рӯйи вай бо зани дигар ҷанг дорад ва ҳамдигарро дашному ҳақорат дода, куртаканӣ карда истодаанд, дар атрофи номи шахси хобдида ҳар хел овозаҳои нохуш пайдо шуда, ба ғайбату буҳтон гирифтор хоҳад шуд.

Зан хоб бинад, ки ӯ бо шавҳараш ҷангу ҷанҷол дораду дигарон хандида истодаанд, бояд эҳтиёт шавад, зеро чунин хоб аз сар задани нофаҳмӣ дар оила ва ҳатто ҷудоӣ паём дода метавонад. Духтари бе шавҳар чунин хоб бинад, ошиқаш ӯро ба касе сахт рашк хоҳад кард.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки дар хоб моҷаро кардан бо ҷинси муқобил аз ишқи бузурге, ки шахси хобдидаро интизор аст, паём медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Абдулло 2023-05-24, 12:20
Дар хоб бо президент салом куни ва у ба ту пули Евро дихад ? Дар хоб хабар диханд ки фалони мурдаст? Рахмат барои чавоб
Посух
Назира 2023-06-07, 22:24
Илохибахш
Посух
Ҳадятулло 2023-08-24, 18:53
Дӯстдоштаи ман хоб дидааст ки мо дар лаби як теппае ё ғоре бо ҳам даст ба даст нишастаем ва як марде ба мо чизе мегӯяд ҳавои дар хоб дидааш нуронӣ аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Абдулло 2023-05-24, 12:20
Дар хоб бо президент салом куни ва у ба ту пули Евро дихад ? Дар хоб хабар диханд ки фалони мурдаст? Рахмат барои чавоб
Посух
Назира 2023-06-07, 22:24
Илохибахш
Посух
Ҳадятулло 2023-08-24, 18:53
Дӯстдоштаи ман хоб дидааст ки мо дар лаби як теппае ё ғоре бо ҳам даст ба даст нишастаем ва як марде ба мо чизе мегӯяд ҳавои дар хоб дидааш нуронӣ аст
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД