formula
Модар ҷонашро ба фарзандаш бахшид
6090


Аксе, ки шумо мебинед, реалӣ буда, дарҳол пас аз ҷарроҳӣ бардошта шудааст. Зане, ки дар рӯйи мизи ҷарроҳӣ мехобад, 11-соли дароз дар орзуи фарзанд буд.

Пас аз зориву таваллоҳои зиёд худованд ба ӯ фарзанд ато намуд, аммо ҳоли худи модар хеле бад буд. Азбаски зан ба бемории сахте гирифтор ва таваллуд кардан барояш мумкин набуд, духтурон чандин маротиба таъкид намуданд, ки ҳомиладорӣ метавонад боиси сари фарзанд рафтанаш гардад, аммо зан ба мурдан розӣ буду ба исқоти ҳамл намудани тифли батнаш не.

Ҳамин тавр зан нӯҳ моҳи дароз азоб кашида, меваи деринтизори орзуҳояшро пухта расонд, аммо вақти таваллуд ҳолаш тамоман бад шуда монд. Табибон маҷбур шуданд, ки бо роҳи ҷарроҳӣ тифлро аз батни модар бигиранд. Пеш аз оне, ки ҷарроҳиро сар кунанд, духтур таъкид кард, ки ин амалиёт ниҳоят душвор аст ва шояд ӯ аз ду нафари онҳо танҳо якеро наҷот дода тавонад. Зан бе ягон дудилагӣ гуфт, ки ҳатто бар ивази ҷони ӯ бошад ҳам, коре карда фарзандашро наҷот диҳанд, то ки зинда монад.
Ҷарроҳӣ 7-соат тӯл кашид. Табиб ҳарчанд кӯшиш намуд, ҷони ҳам модар ва ҳам фарзандро наҷот диҳад, вале ин кор ба ӯ даст надод. Вай маҷбур шуд, ки васияти занро ба ҷо оварда, тифли батнашро бар ивази ҷони ин модари ҷонфидо наҷот бубахшад.


Ман қотилам! Қотил! Дастони ман ба хуни одамӣ олудаанд. Касеро куштам, ки дар ин дунё бароям аз ҳама азизтар буд.


Модари хушбахт тавонист танҳо як маротиба тифлакашро ба оғӯш гирифта бӯй кашад ва бо меҳр бӯса кунад. Пас аз ин ӯ абадан аз олам чашм пӯшид. Бо дидани ин манзара дили ҷарроҳ ба дард омада, бори аввал дар умраш талх гиря кард....
Бале, модарон чунин ҷонфидо ҳастанд ва ҳатто бар ивази ҷони хеш ҷони фарзандашонро наҷот мебахшанд, вале магар фарзандон ба қадри чунин ҷонфидоии модар мерасанд?!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД