arzon replenishment
Модар писарро бибӯсад ба ғазаби Худо гирифтор мешавад?
2417


Маро як масъалаи бисёр нозук маҷбур намуд, ки ба сомонаи Оила муроҷиат намуда, маслиҳат бипурсам.

Ҷавонзани зебою солим ҳастам, вале бо шавҳари якумам 18-сол зиндагӣ карда бошам ҳам, фарзанддор нашудам. Дар муддати 18-соли оиладорӣ 15 маротиба ҳомиладор шудам, аммо тифлаконам ду-се моҳа шуда худ аз худ меафтиданд. Дили як дугонаи серфарзандам ба ҳолам сӯхту писарчаи навзодашро ба мани бетолеъ дод, то ки танҳоиямро камтар ҳис кунам. Вақте ки бори аввал он тифлаки навзодро ба оғӯш гирифтам, аз хурсандӣ об аз чашмонам ҷорӣ гашт. Гумон доштам, ки акнун оилаи мо пурра гашту аз ин пас дигар таънаи бефарзандиро намешунавам, вале хаёлам хом баромад. Шавҳарам “сағераи каси дигар ба ман даркор нест” гӯён, ҷангу ҷидол бардошта, талаб намуд, ки кӯдакро бурда ба соҳибонаш диҳам. Азбаски як умр дар ҳасрати фарзанд сӯхта будам, дилам нашуд, ки аз ин тифлаки зебои худодод даст кашам. Ҳамин тавр аз рӯйи ин кӯдак ману шавҳарам ҷудо шудем. Пас аз панҷ сол падарам маро дубора ба шавҳар дод. Шавҳари навам мулло аст ва писархонди маро чашми дидан надорад. Шабҳо модарвор сари писарчаамро, ки нав 5-сола шудааст, ба синаам зер карда, бо меҳр ӯро бӯса мекунам. Бо дидани ин манзара шавҳарам ба ғазаб омада, девонавор дод мезанад, ки ин корро накун, ки гунаҳкор мешавӣ. Ту ӯро таваллуд накардӣ, ин бача ба ту номаҳрам аст...


Худамро оташ мезанам ё барқасди ту ба ягон ҷӯраи ҷониат ба шавҳар мебароям, то шармандаи дӯсту душман гардӣ. Ин суханонамро фаромӯш накун!


Дар байни обу оташ монда, чӣ кор карданамро намедонам. Наход кӯдаке, ки аз серӯзагиаш калон кардаам ба ман номаҳрам бошад?!
Аз идора:
Бо ин савол мо ба яке аз домуллоҳои номдори водиии Ҳисор эшони Ҳамдам муроҷмиат намудем. Он кас дар ҷавоб чунин гуфтанд:
-Ин хоҳар, агар писархондашро аз пистони худ шир дода бошад, фарзанди раззолиаш ҳисоб меёбад ва маҳрам аст. Мабодо шир надода бошад, баъди 12-солагиаш бача ба вай номаҳрам мешавад. Дар масъалаи ба оғӯш гирифтану бӯса кардани фарзанд бошад, модар метавонад писарашро то 12 солагӣ натанҳо навозиш кунад, балки ҳатто дар паҳлӯи худ, дар ҷогаҳи хобаш хобонад. Пас аз 12 солагӣ ҳатто худаш таваллуд карда бошад ҳам, зан дигар ҳақ надорад, ки писарашро ба оғӯш бигирад, бӯса кунад ё дар канораш бихобад. Духтарро падар то 9 солагӣ ба оғӯш гирифтаю бӯсида метавонад, баъди ин чунин ҳуқуқро надорад. Ба модар мумкин аст, ки ҳама вақт духтарашро оғӯш гираду бӯсад, аммо падар аз 9-солагӣ боло наметавонад духтарашро навозиш кунад ё ба оғӯш гирад. Барои марҳамати падарӣ танҳо метавонад аз пешонии духтараш бӯса кунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД