Намедонам дардамро ба кӣ гӯям. Падару модарам маро мисли гӯсфанд савдо карда, ҳаётамро сӯхтан мехоҳанд, асосан модарам. Модарам маро ба дунё оварда бошад ҳам, имрӯз пулу моли қудои ёфтаашро дида, оламу одамро фаромӯш кардааст. Гиряву нолаҳои ҷигарбандаш ба гӯшаш намедарояд.
Ҳарчанд мегӯям, ки ман домоди ёфтаатро намехоҳам, ба он кали хунук ба шавҳар баромадан намехоҳам, ҳама аҳли оила «бачаи пулдор аст, падару модар ва аҳли авлодаш ҳама одамони бообрӯ, боз чӣ мехоҳӣ?» гуфта, ду пояшонро ба як мӯза андохтаанд. Муҳаббат ба пулу мол чӣ дахл дорад, охир ман шавҳаре мехоҳам, ки дилам ба ӯ моил бошад, дӯсташ дорам, вале… Ин гапҳоро ба кӣ мегӯӣ. Худат аҳли оилаи моро медонӣ-ку, барои онҳо дар дунё фақат як чиз аҳамият дорад-пул! Одами бе пулро баробари саг ҳам намедонанд.
Солеҳҷон, гуфта будӣ, ки агар касе туро ҳатто бо барги гул занад, ҷазояшро медиҳам, имрӯз сару рӯйи ман аз зарби мушту лагади бародаронам сиёҳу кабуд гаштааст, чаро ба имдодам намерасӣ? Биёву маро аз ҷабру ситами ин золимон халос кун! Ягона умедам дар ин дунё ту ҳастӣ, танҳо ба хотири ту зиндагӣ карда истодаам, вагарна ким-кайҳо аз баҳри ин ҳаёти пур аз азобу шиканҷа мегузаштам.
Солеҳҷон, аз ҷонам сер шудаам, илтимос дар куҷое бошӣ, баргард! Баргарду маро аз ин дӯзах халос кун! Дониста мон, агар то рӯзи никоҳ ба наздам баргашта, маро аз ин дӯзах халос накунӣ, дигар маро дар ин дунё намеёбӣ.
МАФТУНА