Arzon march 2024
Модарамро аз девонахона ёфтам (ҚИСМИ 1)
1563

Ман духтари яккаву ягона ва ноздонаи волидонам будам, зиндагии шоистае доштем. Падару модарам дар маркази шаҳр хонаи панҷҳуҷрагии серҷиҳози зебо, дар яке аз мавзеҳои хушбоду ҳавои наздикии пойтахт бошад, бўстонсарои бошукўҳ доштанд. Агар бигўям, ки кўдакиву наврасӣ ва ҷавониҳои ман дар олами афсона сипарӣ шудаанд, хато намекунам.

Падарам ду бародар ва ду хоҳар дошт. Модарам бошад, панҷ бародар дошту тағоҳоям ў ва маро болои дида мебардоштанд. Амаку аммаҳоям ҳам маро мисли фарзандони худашон дўст медоштанд. Фарзандони онҳоро чун бародару хоҳар дўст дорам ҳам, мудом аз модарам хоҳиш мекардам, ки бароям додарча таваллуд кунад. Модарам бо чашмони ғарқи об ба ман менигаристу маро ба синааш зер карда, дурудароз хомўш мемонд. Эҳсос мекардам, ки сўзи ниҳоне дар дил дорад. Баъдҳо аз хоҳишам даст кашидам, зеро намехостам очаҷонамро хафа кунам.

Солҳо мегузаштанду ман ҳам қад кашида, калон мешудам, мактабро бо медали тилло хатм карда, ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шудам. Дар курси сеюм мехондам, ки тағои калонам маро барои писараш хостгорӣ омад ва волидонам розӣ шуданд. Ҳарчанд мегуфтам, ки “ман хеш намегирам, шумо чӣ хел духтуред, аз никоҳи хешутаборӣ кўдакони маъюб ба дунё омаданаш мумкин аст!?”, вале волидонам кори худашонро карданд. Умарҷон - писари тағоям донишгоҳро дар риштаи бонкдорӣ хатм карда, бо ёрии падарам зуд кори хубе пайдо кард. Мо дар ошёнаи сеюм зиндагӣ мекардем, волидонам дар ошёнаи чорум барои мо хона хариданду ману Умарҷон зиндагиро хеле ширин оғоз кардем. Ман, ки доим ба хониш банд будаму вақти бо ҷавоне шиносшавӣ надоштам, Умарҷони қоматбаланди ширинзабонро зуд дўст доштам. Мо бо волидонам якҷоя субҳонаю шом мехўрдем, баъзан ба ҷону ҳолашон намонда, онҳоро ба хона даъват мекардем, ҳамин хел зиндагиямон ширин мегузашт. Вақте донишгоҳро хатм кардам, алакай соҳиби ду писараки нозанин будам. Дар тарбияи кўдаконам ба ман модару хушдоманам ёрӣ мерасонданд, барои ҳамин ҳам, дар таҳсил монеае пайдо нашуд.

Баъдтар ба кор даромадаму писаронамро ба боғча бурдам. Падарам бароям мошин туҳфа кард, ки омаду рафтам сабуктар шавад. Аз чизе камбудӣ надоштем, рўзҳои истироҳатӣ ба бўстонсаро мерафтем, онҷо бозиву шодиву хурсандӣ карда, ба шаҳр бармегаштем.

Беҳуда нагуфтаанд, ки чашми одамӣ сангро мекафонад, шояд ба зиндагии мо ҳам чашми бад расид, ки падарам бемор шуд. Бемории саратони хун ҳоли ўро хароб карда буд, мо - се табиб назди ин дарди қотил бечора будем. Падарам ба хориҷа рафт, табобати зиёде гирифт, аммо ҳама табобатҳо умрашро се солак дароз карданду халос. Ў бо дили пурармон, тўйи набераҳояшро надида, ба он дунё сафар кард.

Як соли дароз шабу рўз мегиристам, хайрият ҳамсарам дастгиру мададгорам буд, вагарна девона мешудам. Падару модарам ҳамсабақ буданду ба ҳамдигар ошиқ шуда, хонадор шуда буданд, солҳои дароз як ҷо кор мекарданд. Фавти падарам модарамро бистариву бемор сохт. Ў ба афсурдаҳолии сахт гирифтор буду сар аз болин намебардошт, кор намерафт, ману ҳамсарам ба хонаи ў кўчида, ҳамроҳаш будем. Ягона дилхушии ў писарони ман Фарҳату Фарҳод буданд. Зиндагӣ бо ғаму ғусса идома меёфт.

ЯГОНА

Таснифи Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД