arzon replenishment
Моҳидорӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?
5310

Салом! Ман хоб дидам, ки дар лаби дарё моҳидорӣ карда истодаам ва ба шастам моҳии калоне афтидааст. Мехоҳам таъбири хоби дидаамро бидонам.

Алишер Хайруллозода, ш. Норак

Хоб дидани моҳӣ ва моҳидорӣ фоли нек аст. Дар хобномаҳои исломӣ омадааст, ки агар ҷавонмарди муҷаррад хоб бинад,ки моҳии зиндаро доштааст, ба зудӣ бо духтари зебои худотарс ва солеҳаю попокдомоне издивоҷ хоҳад кард. Духтари ҷавон хоб бинад, ки дар оби софу зулоле моҳӣ дошта истодааст, ишқи поке насибаш мегардад, ки ӯро соҳиби оилаи обод ва зиндагии хушбахтона месозад.

Зани шавҳардор дар хобаш моҳӣ дорад, ҳомиладор шуда, фарзанди солим ба дунё меорад. Марди оиладор хоб бинад, ки дар лаби дарёи обаш софу зулоле моҳӣ ширкор карда истодааст, бо меҳнати ҳалол даромади калон ба даст меорад.

Хоб бинед, ки моҳиҳои зиёде дар оби софи каб-кабуд шино карда истодаанд ва шумо бо шавқ моҳиёнро тамошо доред, файзу баракати илоҳӣ ба саратон борида, бою бадавлатмешавем ва дар зиндагӣ худро мисли моҳӣ дар об озод ва бароҳат эҳсос мекунед.

Аммо дар оби ифлос шино кардани моҳиён дар хоб чандон хуб нест. Шахс хоб бинад, ки моҳичаҳои майда-майдаи зиёде дар оби тира шино карда истодаанд ё аз чунин оби ифлос моҳӣ дошта истодааст, ба сараш мушкилоти хурде меояд, ки боиси асабоният хоҳанд гашт. Эҳтимол ин мушкилот ба бемории худи шахси хобдида, фарзанд, ҳамсар ва ё ягон шаси дигари наздикаш рабт дошта бошад, вале касе, ки мариз мешавад, бо инояти офаридгор шифо хоҳад ёфт. Хоб бинед, ки моҳии мурда доштаед, нақшаҳоятон барбод мераванд ё коре, ки ба наздикӣ сар карда будед, самари дилхоҳ намедиҳад.

Бирён кардан ва хурдани моҳӣ дар хоб аз сар задани моҷарои хурде бо яке аз наздикон дарак медиҳад, вале агар моҳӣ шӯрак ва хуштаъм бошад, кори шахси хобдида омад карда, зиндагиаш бароҳат ва гуворо хоҳад гашт.

Дарё ё ҳавли прур аз моҳиро хоб дидан бениҳоят хуб аст. Касе, ки чунин хоб мебинад, соҳиби он қадар давлату сарвату боигарие мегардад, ки натанҳо барои зинагии хушбахтонаи худаш, балки ба фарзандону пайвандонаш низ мерасад, агар худо хоҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Абубакр 2023-08-03, 23:43
Ноз кардани дустдоштаам дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Абубакр 2023-08-03, 23:43
Ноз кардани дустдоштаам дар хоб
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД