Дар ҷараёни мусобиқаҳои моҳидорӣ дар Полша ба иштирокчиён муяссар шуд, ки лаққамоҳии азимеро сайд кунанд, ки рекорди ҷаҳониро шикаст. Ин моҳӣ 7 сантиметр дарозтар аз рекорддори пешин будааст.
Ба иттилои нашрияи RMF24, намояндагони Академияи моҳидории Полша тавонистанд лаққамоҳии дарозияш 292 сантиметрро ба даст оваранд, ки 7 сантиметр аз рекорди қаблӣ бештар аст. Ба гуфтаи коршиносон, усули сайди «спиннинг» талаб мекунад, ки моҳидор на танҳо дақиқӣ, балки қувваи ҷисмонии зиёд дошта бошад.
Пеш аз ин, рекорди ҷаҳонӣ соли 2023 дар Итолиё, дар дарёи По ба қайд гирифта шуда буд. Соми дарозияш 2 метру 85 сантиметрро моҳидоре сайд карда буд.