Oila 5 years
Моиндарам маро зӯран ба марди безурёт ба шавҳар доду...
1008

 

Салом! Ман - як ҷавонзани аз зиндагӣ наосудаи тоҷик, мехоҳам саргузашти талхамро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам.

Ҳанӯз 12 сол доштам, ки модарам ба касалии саратон гирифтор шуда, аз дунё гузашт. Падарам баъди соли модарамро додан зани дигар гирифт. Бо омадани моиндар рӯзамон сиёҳ шуд. Ин зан моро дар хонаи худамон осуда зистан намемонд.

Хулоса, бо садҳо ранҷу азоб мактаби миёнаро хатм кардам ва модарандари бадкешам аз ман чизе напурсида, падарамро розӣ кунонду маро зўран ба як марди калонсол ба шавҳар дода, ба қавле «ба хонаи бахт» гусел кард. Ҳамагӣ як сол бо шавҳарам одамвор зиндагӣ кардам, баъд нағмаҳои ин марди занбоз сар шуданд. Пеш аз никоҳ вай танҳо як зан доштанашро иқрор шуда буд. Аммо баъдан фаҳмидам, ки пеш аз ман се зан гирифта будааст.

Аз шавҳарам фарзанд намешавад, сабаби занҳои зиёдеро сиёҳбахт кардану миёнаи роҳ гузоштанаш ҳамин аст. Ин марди занҷаллоб дар болои ман ҳам зани дигар гирифта, маро ба хонаи падарам оварда монд. Чанд моҳ шуд, ки тамоман аз ҳолу аҳволам пурсон намешавад.

Падарам ният дорад, ки рафта кўчу борамро биёрад, вале ман розӣ нестам, чунки шавҳарам то ҳол ҷавобамро надодааст.

Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Шавҳарамро интизор шавам ё ба қавле таёқамро ба равшанӣ зада, аз ин марди булҳавас ҷудо шавам?

 

М., сокини шаҳри Ҳисор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД