sebiston july new
Моҳпайкар Ёрова: Омӯзгор шудан мехостам ...
2148

Имрӯз яке аз ҳунарпешаҳои маҳбуб ва пурҷилои театру синамои тоҷик Моҳпайкар Ёрова зодрӯз дорад.

Мухбири "Oila" ба ҳунарпеша тамос гирифта, ӯро аз номи ҳайати эҷодӣ ва хонандагон шодбош гуфт. Актриса зимни суҳбат гуфт, ӯро аввалин шуда, келиншавандааш, яъне ҳамсари ояндаи писари дуюмаш табрик кард.

“Зодрӯзамро дар хона, дар иҳотаи фарзандонам ҷашн мегирам ва мехоҳам, ки дар ин сол мухлисону ҳаводорони театр ва синаморо бо нақшҳои ҷолиби худ хурсанду хушҳол кунам”,-афзуд ӯ.

Моҳпайкар Ёрова иброз дошт, ки дар ҷавонӣ фикри ҳунарпеша шудан, ҳатто дар хаёлаш набуд.

“Вақте дар синфи даҳ мехондам, дар дилам орзуи омӯзгор шудан пайдо шуд. Фикри ҳунарпеша шудан умуман дар сарам набуд. Падару модарам дар симои ман ҳунарпешаи оянададорро дида, сабабгор шуданд, ки ман ҳунарпеша шавам. Онҳо маро ба Маскав барои таҳсил равон карданд. Пас аз хатми Донишкада дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов фаъолияти худро оғоз намудам”,-гуфт хонум Ёрова.

Ёдовар мешавем, ки Моҳпайкар Ёрова 28 июли соли 1970 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Баъд аз хатми мактаби миёна таҳсилашро дар факултаи драмаи Донишкадаи театрии ба номи М.С. Шепкин дар шаҳри Маскав идома додааст.

Аз соли 1991 ҳамчун ҳунарпеша дар Театри давлатии ҷавонон ба номи М. Воҳидов ҳунарнамоӣ мекунад. Қариб дар ҳамаи спектаклҳои давоми беш аз ду даҳсолаи ҳамин театр нақш офаридааст.

Моҳпайкар Ёрова соли 1993 бо марде аз Туркманистон издивоҷ кард ва чанд муддат дар Ашқобод умр ба сар бурд. Аз ин издивоҷ онҳо соҳиби ду писар - Сиёвуш ва Бобо шуданд, аммо оқибат аз ҳам ҷудо мешаванд.

Ҳунарпеша дар филмҳои бадеии тоҷикии “Убури сангин”, “Марги бегуноҳ”, “Соҳил”, “Баъд аз ғуруб”, “Меҳроб”, “Оинаи беҷило”, “Журналист”, “Баҳори як кӯча”, “Ормонҳо”, “Хокпайванд”, “Орзуи рассом”, “Арӯси замонавӣ”, ду филми истеҳсоли синамогарони Русия - “Хазинаи тило”, “Интиқоми туркӣ” ва ғайра нақш офаридааст.

Ӯ айни ҳол дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳунарпешаҳои оянда нозукиҳои ин касбро меомӯзонад.

Ӯ соли 2013 бо Ифтихорномаи Президенти кишвар ва баъдан бо медали “Хидмати шоиста” сарфароз гардидааст. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устоди саҳна мебошад.

Бояд гуфт, ки соли равон ин ҳунарпешаи азизи дилу дида барандаи ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” дар Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ "Парасту - 2023" гардид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД