35 years of independency
Муаллимаи сахтгире, ки раҳнамои шогирдон ва ҳамрози мардум аст
40

Муслима ин пагоҳӣ ҳам аз рӯйи одат ба кор барвақт омад. Бо посбон, ки ба роҳравҳо об мезаду ҷӯяҳои гулҳои назди даромадгоҳро обёрӣ мекард, салому алейк карду вориди утоқи кориаш шуд. Чанд дафтари синфро аз назар гузаронида, нуктаҳои заруриро қайд кард, то роҳбарони синфҳову омӯзгорони фаннӣ онҳоро бинанд ва аз пайи ислоҳ шаванд. Чун то оғози дарсҳо ҳанӯз вақт буд, хост дафтарҳои кори хаттии хонандагонро тафтиш кунад.

Дар рӯйи миз ҳафтаномае мехобид. Чашмаш ба мақолае афтод, ки «Мушкил дар донишгоҳ не, дар мактаби миёна аст!» унвон дошт. Муслима онро бо диққат хонду баъд гӯё муаллиф рӯ ба рӯяш нишаста бошад, худ ба худ ба баҳс даромад:

- Э, не, бародар, дар андешаатон андак зиёдаравӣ ҳаст. Мушкили камсаводӣ ё сустдонишии наврасу ҷавонро фақат ба гардани мактаби миёна бор кардан дуруст нест. Ин мушкил ҳам ба мактаб, ҳам ба донишгоҳ ва ҳам ба оила дахл дорад. Зеро агар дақиқ мушоҳида кунем, имрӯз дар ҳамин се зина нисбат ба хонанда талаботи яксон вуҷуд надорад. Омӯзгор дар мактаб мекӯшад шавқи хонандаро ба донишомӯзӣ бедор кунад, вале гоҳе дар оила ҳамин шавқ аз сабаби бепарвоӣ коҳиш меёбад.

Ӯ аз таҷрибаи чандинсолаи худ мисолҳои зиёде дошт. Роҳбари синф ё омӯзгор барои пешрафти хонандаи сустхон борҳо бо падару модараш суҳбат мекунад. Бори аввал модар мегӯяд: «Майлаш, ба дарс тайёр кардани ӯ назорат мекунам». Вале вақте вазъ тағйир намеёбад ва омӯзгор дубора муроҷиат мекунад, ҷавобе мешунавад: «Ҳамин қадар мегӯям, гап намегирад. Калон шавад, ақлаш медарояд, баъд мехондагист». Пас омӯзгор бо ин саҳлангорӣ чӣ кунад?

Баъзан чунин падару модар танҳо вақте ба мактаб меоянд, ки фарзандашон аз омӯзгор танбеҳ гирифтааст. Он вақт даъво доранд, аммо аз хондан, одоб, масъулият ва ояндаи фарзанд камтар мепурсанд.

Ба андешаи Муслима, дар камҳавсалагии наврас нисбат ба таҳсил ҳам бепарвоии модар ва ҳам набудани назорати ҷиддии падар таъсир дорад. Имрӯз аксар падарон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва, ба қавли бисёр модарон, дар хона «дасти мард намерасад». Аммо ҳайратовар он аст, ки баъзе аз ҳамин хонандагони сустхон баъдтар донишҷӯ мешаванд, донишгоҳро ҳам хатм мекунанд, вале сатҳи донишу саводашон қариб ҳамон мемонад.

Муслима воқеаеро ба ёд овард. Боре директори муассиса ба ӯ гуфт, ки як мутахассиси ҷавон, ки нав мактаби олиро хатм кардааст барои кор меояд ва аз ӯ ариза гирифтан лозим аст. Духтараки ҷавон омаду одобона салом дод. Муслима коғазу қалам пеш гузошт:

- Ба номи директор ариза нависед.

Духтар музтар монд. Муслима ба девори роҳрав ишора кард:

- Дар он ҷо намунаҳои ҳуҷҷатҳои расмӣ ҳастанд. Намунаи ариза ҳам ҳаст, нигоҳ карда нависед.

Чанд дақиқа пас духтар аризаро овард. Вале дар он навишта шуда буд, ки мехоҳад ба МТМУ №62-и ноҳияи Файзобод ба кор қабул шавад.

- Шумо ба кадом мактаб ба кор омаданӣ ҳастед? - пурсид яке аз омӯзгорон.

- Ба ҳамин мактаби худамон, МТМУ №9.

- Пас чаро мактаби дигарро навиштед?

- О, дар намуна ҳамин хел навиштагӣ, - бепарвоёна ҷавоб дод ӯ.

Он рӯз хатмкардаи соҳиби диплом аризаро се бор навишт ва бори сеюм ҳам аз ғалат холӣ набуд.

- Ин гуна донишҷӯён чӣ тавр ба донишгоҳ дохил мешаванд? - бо таассуф гуфт Муслима. - Охир, чор-панҷ сол кори курсӣ менависанд, имтиҳон месупоранд. Наход касе ба сатҳи саводи онҳо аҳамият надиҳад?

Ба назари ӯ, донишҷӯ дар мактаби олӣ нисбатан мустақил аст, аммо ин маънои онро надорад, ки сифати донишаш аз назар дур монад. Зеро донишгоҳ бояд мутахассиси омода ба ҷомеа диҳад.

Муслима Ҷалолова омӯзгори фанни забону адабиёти тоҷик ва муовини директор оид ба таълими Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба номи Бобо Раҷабзодаи деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент мебошад.

Ӯ дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Падараш Садриддин Ҷалолов сармуҳандиси совхози «Панҷакент» буд. Вақтҳои фориғ аз кор бештар китоб мехонд: ҳам китобҳои соҳавӣ ва ҳам асарҳои бадеӣ. Муслимаи хурдсол, ки ба рафтори калонсолон бо кунҷковӣ менигарист, тадриҷан ба китоб майл пайдо кард. Ҳанӯз аз синфи чорум ба китобхонӣ дил баст ва ҳамин муҳаббат ӯро баъди хатми мактаб ба Донишкадаи давлатии омӯзгории пойтахт овард.

Баъди хатми донишкада ба мактаби зодгоҳаш баргашт. Мактабе, ки худаш дар он таҳсил карда буд, акнун ба ҷойи фаъолияти омӯзгориаш табдил ёфт. Муҳаббат ба китоб бошад, дар вуҷудаш на танҳо кам нашуд, балки бештар гардид. Ҳар фурсати холиро ба мутолиа сарф мекард ва имрӯз ҳам китобро беҳтарин ҳамсафари омӯзгор медонад.

Имсол 32-юмин соли фаъолияти омӯзгории ӯ ҷамъбаст мешавад. Солҳои фаъолияти роҳбарӣ низ ба таҷрибаи касбиаш зам шуданд. Ӯ дар мактаб шеваи хоси кор бо омӯзгорони ҷавонро ба роҳ мондааст. Навкорро танҳо ба омӯзгори пуртаҷриба вобаста карда, хотирҷамъ намешавад: ба дарсаш медарояд, маслиҳати методӣ медиҳад, роҳҳои самараноки таълимро мефаҳмонад ва ба худомӯзӣ ташвиқ мекунад.

Ба андешаи ӯ, муаллиме, ки худ намеомӯзад, дер ё зуд аз хонанда қафо мемонад.

Аз ҳамин сабаб дар масъалаи аттестатсияи омӯзгорон низ ӯ тарафдори рӯйихотирбинӣ нест. Боре дар аттестатсия аз омӯзгоре пурсиданд:

- Ибора чист?

Муаллим ҷавоби норавшан дод. Узви комиссия гуфт:

- Хуб ҷавоб дод.

Муслима сар бардошт:

- Шумо ҷавоби дуруст гирифтед?

- Бале.

- Агар ҳамин ҷавобро дуруст меҳисобед, ё дақиқ гӯш накардед ё худатон қоидаро фаромӯш кардаед.

Ва худ қоидаи ибораро пурра шарҳ дод.

Яке аз ҳамкорон зери лаб гуфт:

- Биёед ин қадар сахт нагирем, ҷавононро дастгирӣ кунем.

- Ин дастгирӣ нест, зарар расондан аст, - посух дод Муслима. - Агар имрӯз ӯро бо дониши нокифоя дастгирӣ кунем, фардо назди хонанда шарманда мешавад. Хонанда муаллимро зуд мешиносад: кӣ фанашро медонад ва кӣ не.

Ин талабкорӣ бенатиҷа намонд. Зиёда аз 45 нафар шогирдони МТМУ №9 дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва олимпиадаҳои фаннӣ то даврҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ расида, ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Панҷ нафар ба гирифтани стипендияи президентӣ сазовор гардиданд.

Дар ин муваффақиятҳо саҳми тамоми ҳайати омӯзгорон ҳаст, вале ҳиссаи Муслима Ҷалолова низ назаррас аст. Барои меҳнати содиқона 5 сентябри соли 2022 ӯ ба нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардид.

Муслима дар зиндагии оилавӣ низ худро хушбахт медонад. Шавҳараш Фарҳодҷон Раҳматов роҳбари ҳамин муассиса аст. Духтари калониаш Манижа омӯзгори математика, писараш Талабшоҳ ва келинаш Майгуна омӯзгорони химия ва физикаанд. Танҳо духтари хурдӣ - Ганҷина роҳи дигарро интихоб карда, дар соҳаи тиб фаъолият дорад.

Муслима Ҷалолова танҳо дар байни омӯзгорону хонандагон не, балки дар деҳаи Ёрӣ низ обрӯманд аст. Занону духтарон барои маслиҳат ба ӯ муроҷиат мекунанд. Касеро бо рӯйи турш пешвоз намегирад, бо чеҳраи кушода сухан мегӯяд, дар масъалаҳои тарбияи фарзанд, рӯзгордорӣ ва муносибатҳои оилавӣ маслиҳат медиҳад.

Шояд маҳз ҳамин аст маънои дилбохтаи касб будан: омӯзгорӣ барои ӯ танҳо шуғл нест. Ин тарзи зиндагӣ, муносибат бо мардум ва масъулият дар назди насли оянда аст.

Вақте ба зиндагӣ ва фаъолияти Муслима Ҷалолова менигарӣ, беихтиёр ба ёд меояд, ки инсонро на унвон, балки донишу рафтор ва нафъе, ки ба дигарон мерасонад, соҳибэҳтиром мекунад.

Гулзода ОРИФОВА,

МТМУ №122-и ҷамоати деҳоти Ёрӣ, деҳаи Ёрӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД