arzon replenishment
Муъҷиза дар моҳи Рамазон Қисми 1
1422

 

Чун моҳи Рамазон фаро мерасад, пеши назарам симои нуронии модаркалонам падидор мешавад. Модаркалонам соли дароз рӯзадор буд гӯям, хато намекунам, ӯ хеле порсову тақводор буд, аммо моҳи Рамазонро бо як назокати дигар пешвоз мегирифтанд.

Панҷ писари болои вазифа доштанд, вале хайрҳояшон низ аҷиб буд. Ҳар бегоҳ дар деги калон, оши борик, оши туппа, ширбиринҷ, чалпак пухта, ба ҳаққу ҳамсоя тақсим мекарданд. Ману духтартағоям Фазилат бо хурсандии зиёд хона ба хона гашта, хӯрокҳои модаркалонамро тақсим мекардем.

Аввал ба кампири Ҳурмат, ки писар надошт ва рӯзаашро кушода, хонаи модаркалонам меомад, дуввум ба бобои Шамс, ки бемор буд, саввум ба хонаводаи холаи Заҳторбӣ, ки баъди марги писари ҳаждаҳсолааш ба бемории рӯҳӣ печида буд ва ҳамин тавр бо навбат.

Баъзан ин зани бадбахт ману Фазилатро аз дараш меронд, ки ман аз гуруснагӣ намурдаам, ки момаи шумо бароям хӯрок фиристад, мо аз тарс косаи хӯрокро монда мегурехтем. Шаби дигар хӯрокамонро бо хурсандӣ гирифта, дуои некамон медод, модаркалонам ӯро ёри Худо мегуфт. Баъзан аз бадгӯиҳои холаи Заҳторбӣ дар ҳаққи модаркалонам қаҳри Фазилат меомаду мегуфт:

-Ман ба хонаи ёри Худо хӯрок намебарам, худатон бурдан гиред! Модаркалонам худаш ба холаи Заҳторбӣ хӯрок бурда авҳолашро мепурсиду дар идҳо албатта барояш курта медухт. Ҳеҷ кас мисли модаркалонам суманак, ҳалвои сурхаку сафедак, ширбату ҳалвои тар пухта наметавонист, ҳатто аз хӯрокҳои модарам низ мазаи дастпухтҳои модаркалонамро намеёбам. Чӣ қадар афсона ва ривоятҳо медонистанд модаркалонам ва ба мо нақл мекарданд, хоса дар бораи домуллоҳои машҳури диёри кӯҳистонаш. Қиссаи зер ҳам аз нақлҳои модаркалонам аст, ки мехоҳам пешкаши хонандагони азизи «Оила» намоям…

       Нимаҳои аввали асри бист дар яке аз деҳаҳои зебоманзари кӯҳистони Вахё марди донишманде мезист бо номи Домулло Баҳриддин. Ин марди порсо хатмкардаи мадрасаҳои Бухорои шариф ва донандаи хуби Исломи карим буд. Ӯ пас аз хатми мадраса ба деҳаи падарӣ баргашта, ба деҳқонӣ машғул буд, вале донишманди хуб буданашро ба назар гирифта, мардум ба ӯ эҳтироми беандоза доштанд ва домуллояш ном мебурданд. Ин ҳама эҳтирому дӯстдориҳои мардум ва байни донишмандони музофот мавқеи шоиста доштанаш низ заррае ин марди шарифро дигар накарда буданд. Ӯ то ҷое метавонист ба дарди касе даво меҷусту мушкили дигареро ҳал мекард, ба фарзандони диёраш, онҳое, ки хоҳиш доштанд, илми илоҳӣ меомӯхт.

Волидайн ба писари парҳезкорашон аз байни духтарони деҳа арӯси муносибе пайдо намуда, бо тӯю суру шодию нишот келинашонро ба хона оварданд. Дар урфият мегӯянд, ки зан сояи шавҳар аст ва ҳамсари домулло, Аҳлинисо низ мисли шавҳараш зани хубу солеҳае буд. Пас аз як соли зиндагӣ бо волидайн хонаи ин ҷуфти ҷавонро ҷудо намуданӣ шуданд, домулло Баҳриддин дар доманакӯҳе як пора замини санглохро хонагаҳ интихоб намуда, ба тоза кардани он сар кард. Ӯ ҳар субҳ намозашро хонда, ба сари замин ҳозир мешуд ва то ғуруби офтоб кор мекард. Аҳлинисо низ кору бори хонаро ба субут расонида, нисфирӯзӣ барои шавҳар хӯрок мебурд ва дигар то бегоҳ ҳамроҳи ӯ ба кори замин машғул мешуд, онҳо хаёлан ин ҷо хонаи худро месохтанду барои фарзандони ояндаашон ном мекофтанд. Бисёртар Аҳлинисо дар боли орзуҳои ширин парвоз мекарду армонҳояшро як-як ба ҳамсари болобаланди зебои хушбозӯ ва оқилаш иброз медошт. Домуллои ҷавон зери лаб хандида, Худо хоҳад мегуфту ба сӯи ҳамсараш, ки дар танҳоӣ мисли булбул чаҳ- чаҳ мезад, нигоҳи пурмеҳр мепартофт. Чун офтоб ба хонаи хеш мерафту дунё шоли сиёҳи шабро ба сар мекашид, зану шавҳар хастаю лакот, лекин бо табъи болида ба хона бармегаштанд. Мардуми деҳа ба ин ҷуфти зебо назари ҳавас медухтанду духтарон орзу мекарданд то чунин шавҳар дошта бошанд. Дар як соли меҳнату заҳмат пораи замин дар домани куҳдоман ба назар чун як холи сиёҳи зебо метофт. Пас аз ду сол бошад, ниҳолакони шинондаи зану шавҳар ҷон гирифта, мисли арӯсакони зебо аз вазидани боди серун ба ҷавлон меомаданд ва дар ин кӯҳдомани сабзу хуррам хонаи хуштарҳе қомат афрохт, ки мардуми деҳа тариқи ҳашар барои домулло Баҳриддин сохтанд. Дар ин миён ҳамсари ҷавону зебо ба шавҳараш ду духтараки заркокул ҳадя намуд ва онҳо бо дуои неки волидайн ба хонаи нав кӯчиданд. Дар мудатти кӯтоҳе дар атрофи хонаи домулло Баҳриддин дарахтони себу олу, гелосу зардолу, чормағзу бодом ба ҳосил даромаданд ва мардум як-як пораҳои заминро интихоб намуда, хона бунёд карданд. Деҳаи навбунёдро мардуми маҳал Боғи домулло меномидагӣ шуданд. Пас аз зиёд шудани истиқоматкунандагон дар деҳа бо ташаббуси домулло дар байни он масҷиди зебои гунбаздор ва мадрасае барои таҳсили кӯдакон сохта шуд. Худи домулло ва шогирдони собиқаш ба кӯдакони деҳа ва рустоҳои атроф дарс мегуфтанд. Чанд сол ба ҳамин минвол гузашту баъдҳо ҳукумати шуравӣ дар кӯҳистон ҳам пойдор гашту ҷойи мактаби кӯҳнаро мактаби нави советӣ гирифт. Нав шудани сохтори давлатдорӣ низ заррае обрӯи домулло Баҳриддинро кам накарда буд, баръакс мансабдорони шуравӣ низ дар баъзе корҳояшон аз ин марди оқил маслиҳат мегирифтанд.

Солҳо чун селаи мурғакон аз рӯйи кӯҳҳои сарбафалаккашидаи ҳамеша қуллаҳояшон сафеди кӯҳистони Вахё мегузаштанду умри домулло низ ба домани шаст дакка мехӯрд, вале ҳамсараш Аҳлинисо, ки мардум ӯро Бибиотун ном мебурданд, барояш меросхӯре таваллуд накард. Нӯҳ духтари нозанину покдомани домулло яке паси дигар хонаи падарро тарк намуда, ба шавҳар мебаромаданд, чор духтари калониро дар деҳа келин карданду онҳо соҳиби фарзандон гаштанд. Хурдиҳо низ қад мекашиданд, вале умед доштанд Худованд як рӯз не як рӯз барои онҳо додараке ҳадя мекунад. Аҳлинисо чилу панҷ сол дошт, ки боз ҳомиладор гашт…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД