Муҳлати шартномаи ҳамкорӣ миёни “Истиқлол” ва ситоди мураббиён ба анҷом расид
29.12.2025
Oila.tj
119

Муҳлати шартномаи ҳамкорӣ миёни клуби футболи “Истиқлол” ва ситоди мураббиёни даста ба анҷом расид. Дар ин бора расман бошгоҳи “Истиқлол” хабар додааст.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, роҳбарияти бошгоҳи футболи “Истиқлол” ва ситоди мураббиёни бошгоҳ таҳти роҳбарии сармураббии даста Игор Черевченко тасмим гирифтаанд, ки шартномаҳои ба охир расидаро тамдид накунанд.

Баъди ба охир расидани муҳлати шартномаҳо, сармураббии бошгоҳ Игор Черевченко, мураббии калон Юрий Батуренко, мураббӣ Дилшод Восиев, мураббии дарвозабонҳо Дмитрий Тяпушкин ва мураббии фитнес Дорде Коралич дастаро тарк намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан Игор Черевченко сабаби истеъфои худро ба ҷароҳати зонуяш рабт додааст. Ӯ гуфтааст, бояд дар Маскав ҷарроҳӣ шавад ва барои барқароршавӣ барояш аз 2 то 4 моҳ истироҳат лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД