Мунтахаби Тоҷикистон омодагиҳои худро барои бозии дӯстонаи дуюм муқобили тими миллии Ҳиндустон идома медиҳад. Ин навбат вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, шоми дирӯз мунтахаби кишвар таҳти роҳбарии Игор Ангеловский тамрини яксоата гузаронд. Дар ҷараёни машқ футболбозон рӯи ҳамкориҳои тактикӣ ва вазъиятҳои гуногуни бозигузорӣ кор карданд. Ҳамаи 26 бозигаре, ки дар ихтиёри мунтахаб қарор доранд, ба рақобати дуюм омодагӣ мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии рафиқонаи дуюми тимҳои миллии Тоҷикистон ва Ҳиндустон имрӯз, 9-уми июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 20:00 оғоз мегардад.
Довари марказии ин вохӯрӣ довари ФИФА Аҳрол Ризқуллоев аз Ӯзбекистон таъйин шуд. Ба ӯ доварони ёвари ФИФА аз Ӯзбекистон Алишер Усмонов ва Ислом Азимов кумак мерасонанд. Вазифаи довари эҳтиётиро довари ФИФА Абдулло Давлатов аз Тоҷикистон иҷро хоҳад кард. Нозири доварон Абдураҳим Бобоев, комиссари бозӣ бошад, Абдулло Соқиев таъйин гардиданд.