Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии сафарӣ Малдивро мағлуб кард
15.10.2025
Oila.tj
105

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Горан Стеванович дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бар Малдив пирӯз шуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин бозӣ рӯзи 14-уми октябр дар Варзишгоҳи миллии Мале дар ҳузури 3120 нафар мухлис баргузор шуда, бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт. Аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон Шервонӣ Мабатшоев муаллифи дубл шуда, Манучеҳр Сафаров як голи дигарро ба самар расонид.

Ин дуюмин бозии мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббии сербӣ Горан Стеванович буд. Дастаи мо дар нахустин бозии худ муқобили Малдив, ки рӯзи 9-уми октябр дар Ҳисор баргузор шуд, бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид.

Маврид ба зикр аст, ки дар бозии аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 мунтахаби Тоҷикистон бо Тимори Шарқӣ бозӣ карда буд. Вохӯрии дастаҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар ҳузури 8520 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими миллии Тоҷикистон анҷом ёфт.

Дар даври дуюм тими миллии Тоҷикистон дар сафар бо Филиппин натиҷаи мусовии 2 бар 2-ро ба қайд гирифта буд.

Ёдовар мешавем, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» мунтахабҳои Тоҷикистон, Тимори Шарқӣ, Малдив ва Филиппин шомил мебошанд. Ҳоло дар гурӯҳ Филиппин ва Тоҷикистон бо 10 имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои якум ва дуюм мебошанд. Тимори Шарқӣ бо 3 имтиёз дар зинаи сеюм ва Малдив бидуни имтиёз дар зинаи охир аст.

Мунтахаби Тоҷикистон дар даври панҷуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 дар гурӯҳи «А» дар меҳмонӣ бо Тимори Шарқӣ бозӣ мекунад. Ин дидор 18 ноябр дар шаҳри Дарвини Австралия баргузор мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД