formula
Мурғ дар хоб чӣ таъбир дорад?
1959

Чанд шаб шуд, ки мурғ ва паррандаҳои гуногунро хоб мебинам. Гоҳе паррандае дар сари китфам мешинад, гоҳи дигар мурғеро шикор карданӣ ё доштанӣ шуда, соатҳо аз пасаш медавам ва ғайра. Мехоҳам донам, ки мурғ дар хоб чӣ таъбир дорад?

Равшан, муштарии "Оила"

Аслан парранда дар хоб рамзи қудрат, давлату сарват ва зебоӣ мебошад. Зан ё марди муҷаррад хоб бинад, ки паррадае дар сари китфаш нишастааст, бахти худро пайдо карда, оилаи хушбахт бунёд менамояд. Хоб бинед, ки аз осмон паррандае ба замин фуруд омада, дар рӯ ба рӯйи шумо нишаст, ягон хабари хеле хушро мешунавед.

Хоб дидани паррандаи ғайри оддие, ки шумо мислашро дар умратон ягон бор надидаед, рамзи фариштаҳо буда, чунин хоб аз он гувоҳӣ медиҳад, ки малоик шахси хобдидаро ҳимоят мекунанд. Аммо паррандаи сиёҳро хоб дидан чандон фоли нек нест.

Дар баъзе хобномаҳо омадааст, ки дар хобаш ба сари китфи шахс паррандаи сиёҳи азим бишинад ё ба ӯ ҳуҷум кунад, ба сараш ягон ҳодисаи нохуш меояд.

Кас қаторои турнаҳо ё паррадаҳои зебоеро хоб бинад, ки дар осмон баланд парвоз карда истодаанд, ба қудрад расида, соҳиби мансаби баланд мешавад.

Мурғи хонагӣ бошад дар хоб ду таъбир дорад-духтар, яъне зан ва пул. Шахсе, ки дар хобаш мурғи хонагиро медорад, бо духтари зебо, вале зудбовару содадил хонадор мешавад.

Аммо дар хобномаҳои исломӣ мурғи хонагӣ ҳамчун рамзи боигарӣ тасвир ёфтааст ва касе, ки онро медорад, соҳиби пулу моли зиёде мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД