sebiston july new
Мураббо аз нок
4289

Барои пухтани мураббо меваи начандон ширину сахтро интихоб намоед. Ҳангоми пухтани мураббо нокро пӯст кунед.

Маҳсулоти лозима: Нок - 1 кг Шакар - 1 кг Об - 1-1,5 стакон Ҷавҳари лимӯ (лимонная кислота) барои 1 кг мураббо- 3 г Тарзи таҳия: Нокро ҷудо карда, шӯед. Нокро пӯст карда, аз дилаву донакаш тоза ва реза кунед. Ноки резашударо ба даруни зарф андохта, оби хунук андозеду то ҷушидан расонед ва дар оташи паст 10-15 дақиқа пазед. Нокро аз даруни обаш полонида гиреду обашро барои тайёр кардани қандоб истифода баред. Ноки пухтаро хунук кунонед. Барои қандоб ба об шакар андохта ҷӯшонед. Қандобро дар оташи паст ҷӯшонед. Қандобро ба болои пораҳои нок рехта, 3-4 соат нигоҳ доред. Баъдан дар оташи паст мурабборо 5-7 дақиқа ҷӯшонед ва аз болои оташ гирифта, баъди 6-8 соат боз чанд дақиқаи дигар ҷушонед. Мурабборо ҳамагӣ 3—4 маротиба ҷӯшонед. Дар охир ба мураббо ҷавҳари лимӯ андозед: 3 г (дар нӯги корд) барои 1 кг мураббо. Мурабборо ба бонкаҳо бардоред
.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД