Мурғбирёни фаронсавӣ
23.11.2025
Oila.tj
63

Маҳсулоти лозима:

450 грамм гӯшти мурғ, 1 дона пиёз, 8 дона помидори черри, 2 қошуқ майонез, 2 қошуқ сметана, 2 барги ҷаъфарӣ, 2 дандона сирпиёз, занҷабил (паприка), мурч, 120 грамм панир.

Тарзи таҳия:

Гӯшти пухтаи мурғро тунук реза карда, бо қабати селофан пӯшонида, бо табарча кӯбед ва ба рӯи лаълии тафдон тунук кунед. Сметана, майонез, сирпиёз, ҷаъфарӣ, намаку мурч, қаланфурро омезиш дода, ба болои гӯшти мурғ молед. Пиёзу помидорро борик реза карда, аввал помидори реза ва баъдан пиёзу панирро илова карда, хӯрокро муддати 30 дақиқа дар тафдон пазед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД