arzon replenishment
МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРОНРО КӢ ҲАЛ МЕКУНАД?
2228
МУШКИЛОТИ МУҲОҶИРОНРО КӢ ҲАЛ МЕКУНАД?

Солҳои охир муҳоҷирати меҳнатӣ ба як ҷузъи ҳаёти мардуми тоҷик табдил ёфтааст. Хонаводаеро пайдо кардан душвор аст, ки падар, модар, бародар, шавҳар ё ягон шахси дигари наздикашон боре ҳам ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта бошад.

Албатта ғарибӣ кӯйи сахт аст ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, хоса ин шабу рӯз, дар давраи пандемия бо мушкилоти гуногун рӯ ба рӯ мегарданд. Аз ҳамин хотир сомонаи Оила тасмим гирифтааст, ки дар доираи лоиҳаи “Ковид ва ҷамъият” бо дастгирии Хазинаи Аврупо як силсила подкаст- барномаҳоро дар мавзӯи мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва роҳҳои ҳалли ин масъала” таҳия намояд. Барномаи навбатӣ ба мавзӯи нақши хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷирони меҳнатии тоҷик бахшида шудааст.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД