Oila 5 years
Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ сурат мегирад
879

4-5 октябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Мусобиқаи 10-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мусобиқа аз рӯи 7 категорияи вазнӣ байни мардон: 60 кг, 66 кг, 73 кг, 81кг, 90 кг, 100 кг, +100кг ва 3 вазн байни занон: 52 кг, 57кг ва - 63 кг доир мегардад.

Барои иштирок дар мусобиқа варзишгарон аз давлатҳои хориҷӣ даъват шудаанд. Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои пулӣ: ҷойи якум - 27 500 сомонӣ, ҷойи дуюм - 16 500 сомонӣ ва ду ҷойи сеюм бо 11 000 сомонӣ қадрдонӣ мешаванд.

Ёдовар мешавад, ки 19-20 сентябри соли 2022 дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд​ Мусобиқаи 9-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон дар сатҳи баланд баргузор гардида буд.

Дар рӯзи охири Мусобиқаи 9-уми байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо дар шаҳри Хуҷанд рақобатҳо аз рӯи 3 вазн ( -90 кг, -100 кг ва +100 кг) доир шуданд.

Мавриди тазаккур аст, ки мусобиқа барои Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо аз соли 2013 инҷониб доир мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД