Дирӯз, 7-уми декабр дар шаҳри Душанбе маросими қадрдонӣ ва ҷамъбасти мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва волейбол барои дарёфти «Ҷоми Пешвои миллат» баргузор гашт.
Дар чорабинӣ муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода суханронӣ намуда, аз таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби кормандон ба фаъолияти ҷисмонӣ ёдовар гардид.
Баъди ҷамъбасти натиҷаҳо ғолибон ва ҷоизадорони ҳар намуди варзиш бо Ҷом, Диплом, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Мусобиқаҳои мазкур бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди фарҳанги варзишӣ байни кормандони сохторҳои давлатӣ баргузор карда мешаванд.