formula
Мусулмонро дар гӯристони насрониҳо гӯронданд
1341

 

Сайфиддин дар бистарӣ беморӣ аз дард печида, бори дигар ба занаш рӯ оварда гуфт:

-Наташа, ту рӯзҳои аввали хонадорӣ ваъда карда будӣ, ки агар ман пеш аз ту вафот кунам, маро бо расму оини мусалмонӣ гӯр мекунӣ. Илтиҷо дорам, пас аз мурданам маро дар масҷиди мусалмонон ҷаноза карда, баъд кафан куну ба хок супор. Ҳамчунин ба додаронам занг зан, ки омада, дар ҷанозаам иштироку кунанд ва овардани як каф хоки ватанамро фаромӯш насозанд.

Наташа “ҳа-ҳа” мегуфту дар дил шавҳарро ҳақорат карда, ҳарчӣ зудтар мурдани ӯро орзу мекард. Ҳол он ки Сайфиддин барои вай шуда, аз наздиконаш гузар кардаву тарки Ватан ва бо ӯ зиндагӣ ихтиёр намуд.

Сайфиддину Наташа ду фарзанд доштанду ҳоло ҳарду дар донишгоҳ таҳсил мекарданд. Хислату атвори фарзандон ба модарашон монанд аст. Нармдиливу хоксории падар тамоман дар ниҳоди фарзандон дида намешавад. Нисбати падар меҳр надоранд, пул диҳад, падар мегӯянд, бе пул монад, ҳатто саломашро алек намегиранд. Сайфиддин дами марг эҳсос кард, ки хатои ислоҳнашаванда содир кардааст. Аммо чӣ тадбир, ки умр бебозгашт асту одам хеле дер хатои худро мефаҳмад. Оре, хеле дер хатои худро мефаҳмад. Вакте ки қатораи умр бебозгашт рафт, он гаҳ одамӣ ба қадри вақт мерасад. Сайфиддин пинҳонӣ аз кори кардаи худ пушаймон буду пайваста ашки ҳасрат мерехт. Дилаш ба ёди деҳаи лолапечаш, ба ёди бародарону хоҳарон, ба ёди наздиконаш гум мезад. Модару падари раҳматиаш пеши чашмонаш бо симои ғамолуд падидор мегардид.

Ба худ мегуфт: “Бехтарин неъмат падару модар будааст. Дер фаҳмидам. Афсӯс ин беморӣ садди роҳам аст, вагарна роҳи Ватанро пеш мегирифтам. Дасту поям карахт шудааст. Дигар ба касе лозим ҳам нестам, зудтар ҷонамро Худо мегирифт, осуда мешудам”. Духтарони деҳа ҳама шайдои Сайфиддин буданд. Волидайнаш барояш духтари беҳтарини деҳа Гулбаргро таги чашм карда, ба хонаи онҳо хостгорӣ рафтанд. Сайфиддин Донишгоҳи политехникиро ба итмом расонида, шомили аспирантура гардид. Бахташ хандиду ба аспирантураи шаҳри Ленинград роҳхат гирифт. Аҳли хонавода ният доштанд, ки тобистони соли оянда тӯйи онҳоро барпо намоянд. Вале Сайфиддин ба ҳамсабақаш Наташа ошиқи зор шуд. Оламу одам гӯё фаромӯш шуданд, гирди русдухтар парвона буду як қадам аз пешаш дур намешуд.

Наташа аз дӯстдории ӯ истифода бурда, нозу нузи бисёр мекард. Вай назди Сайфиддин шарт гузошт, ки як маърака ороста, ақди никоҳ банданд. Дар аввал Сайфиддин ба андеша рафта, аз Наташа дурӣ ҷустан хост, вале танҳо як ҳафта тоқат карда тавонисту халос.

Ишқи Наташа чун оҳанрабо ӯро аз паяш мебурд. Боз омад ба назди Наташа ва хоҳиши издивоҷ намуд. Дар тарабхонае маърака ороста, тӯю тамошо карданд. Пас аз тӯй Сайфиддин ба хонаи Наташа кӯчид. Даҳ соли аввал зиндагиашон хушу хуррам гузашт. Бо ҳамроҳии Наташа чандин бор ба Тоҷикистон меҳмонӣ рафтанд. Падару модараш ба тақдир тан дода, Наташаро бо иззату икром пешвоз гирифтанд. Аммо падар дар танҳоӣ писарашро насиҳат карда гуфт, ки ҳоло ҳам дер нашудааст. Зани тоҷик гирад, орзуву ҳаваси таги чодарро бинад. Падар бо алам илова кард:

-Агар дар он ҷо мурӣ, дар “гроб” гӯрат мекунанд!

Он вақтҳо Сайфиддин сармасти ишқу малоҳати Наташа ин суханони пурҳикмати падарро сафсатта пиндошта, аҳамият надод. Аммо ҳоло дар сакароти ҷонканӣ он рӯзҳоро ба ёд оварда, фиғону навҳа мекашид:

-Аз хоки Ватан гӯри падар дар дили ман монд,

Модар чу мазори лаби ҷар дар дили ман монд,

Дар баставу фарзанди падар дар паси дар рост,

Фарзанди падар дар паси дар, дар дили ман монд.

 

“Оҳ падарҷон, модарҷон, маро бубахшед. Ба қадри шумоён хеле дер расидам”, Сайфиддин ҳис кард, ки кам-кам дилаш сих мезанад, окибати ин халлазаданҳо ба он оварда расонид, ки ба дарди қалб гирифтор шуд. Ҳамин дарди шадид ӯро бистарӣ гардонид. Наташа баъди бист соли заношавҳарӣ симои аслии худро нишон додан гирифт. Беҳуда нагуфтаанд, ки одамро шинохта намешавад. Бо гузашти солҳо навозишу меҳрубониҳои давраи ҷавонӣ пурра фаромӯш шуданд, Наташа акнун дағалу инҷиқ гашта буд. Ҷойхоби Сайфиддинро иваз намекард, хӯрокро сари вақт намепухт, ҳазар мекард аз шавҳари худ. Фарзандонашро ҳам ба бистари ӯ наздик шудан намемонд. Бо Сайфиддин мисли саг муомила мекард.

Алами Сайфиддин меомад аз чунин рафтори Наташаи азизаш. Ҳайрон мешуд, ки наход ишқ ин қадар тез куҳна гардад. Он ваъдаву қасамҳо куҷо шуданд? Аз фарзандон ку ҳеҷ гоҳ чунин сангдилиро интизор набуд. Дилаш хурмо мехост. Аз Наташа хоҳиш кард, ки як дона хурмо биёрадаш. Аммо Наташа худро ба нодонӣ зада, чизе наёвард. Ҳамдиёроне, ки ҳамроҳаш кор мекарданд, доимо ба хабаргирии Сайфиддин меомаданд. Вале Наташа ин аёдату дидорбиниҳоро хуш надошту ба онҳо рӯйи хуш намедод. Сайфиддин сахт ташна шуд. Падару модарро дид, ки бо либосҳои сафед гирди сари ӯ парвоз мекарданд, вале ким чӣ хел ваҷоҳаташон ғамгину парешон буд. Сайфиддинро дилу ҷигар месӯхт. Ҷонканиаш кариб 8 соат идома ёфт. Азроил гӯё ҷони ӯро ба осонӣ гирифтанӣ набуд. Сахт азобаш медод. Баъди азобу дасту по заданҳои зиёд ногаҳон ором шуд. Баданаш сард гашт. Руҳаш парвоз кард аз тани пургунаҳ ба олами саволу ҷавоб. Ҳамдиёрон пул ҷамъ карда, барои бурдани ҷасад омаданд. Вале Наташа ҳамаи онҳоро пеш кард. Гуфт, ки Сайфиддин шавҳари қонуниаш аст, чӣ хеле ки хоҳад, ҳамон хел гӯр мекунад ӯро. Ба эътирози дӯстони Сайфиддин аҳамияте надода, аз пайи гӯру чӯби шавҳар шуд. Хаёл мекард, ки агар ӯро ба таври мусалмонӣ гӯр кунад, руҳаш баъди мурдан бо ӯ намемонад. Бинобар ин, Сайфиддинро мувофиқи расму оини насрониҳо гӯру чӯб кард. Ҳатто ба ҷаноза хондан зид баромад. Пас аз дафни шавҳар Наташа арақхӯр шуд. Гумон мекард, ки Сайфиддин рӯйи бистар сӯяш нигариста, фиғон кашида мегӯяд:

-Мусалмон ба дунё омадаму ҳамчун кофир гӯрам кардӣ. Чаро гунаҳкорам кардӣ, бераҳм!

Баъди 20 рӯз Наташа худ аз худ дар бистари хобаш мурда монд. Баъди ташхис гуфтанд, ки сактаи қалб шудааст…

Шаҳлои Наҷмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД