Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон як гурӯҳ мутахассисони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ташрифи мутахассисони Қазоқистон як қатор чорабиниҳо оид ба масъалаҳои акушерӣ, гинекология ва неонатология мубодилаи таҷриба дар самти хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва муҳокимаи ҳамкориҳои минбаъда дар ин самт дар назар дошта шудааст.
Рӯзи 8-уми июни соли равон мутахассисони соҳаи тандурустии Қазоқистон аз Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” дидан ба амал овардаанд. Ҳамзамон, дар ин муассиса семинари омӯзишӣ баргузор гашта, мутахассисони ду кишвар дар мавзуҳои муҳими акушерӣ ва гинекологӣ мубодилаи таҷриба намудаанд.
Сафари кории меҳмонон то 12-уми июни соли 2026 идома ёфта, дар ҷараёни сафари корӣ боздид аз муассисаҳои давлатии “Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”, “Маркази саломатии №15”-и шаҳри Душанбе, “Пажӯҳишгоҳи акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон”, “Маркази перинаталии шаҳри Бохтар” ва Беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод ба нақша гирифта шудааст.