arzon replenishment
Мӯйсафеди 92-сола чемпион шуд
20.05.2023
ОИЛА
460

Дар Чемпионати ҷаҳон байни устодони варзиш (Лаҳистон, моҳи марти соли 2023) Хиру Танакаи ҷопонӣ дар масофаи 200 метр рекорди ҷаҳонӣ гузошта, ҳамаро ба ҳайрат овард.

Пирамарди 92-сола ин масофаро дар 38,81 сония давид, ки дар ин синну сол кори шӯхӣ нест! Гузашта аз ин, Танака масофаи 60 метрро дар зарфи 10,95 сония тай карда, натиҷаи беҳтарини мавсимро нишон дод.

Ҳамагӣ 0,4 сония нарасид, ки рекорди Витторио Колои итолиёвиро шиканад. Вале, бояд гуфт, ки Витторио ҳангоми рекорд гузоштан аз Хиру ду сол хурд буд. Бо давидани 100 метр дар 16,69 сония Танака аз соли 2021 миёни мардони аз 90-сола боло (M90+) рекордсмен мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД