Formula september
Мӯзаи зимистонаро чи гуна бояд интихоб кард?
4525

 Ҳанӯз фасли зимистон фаро нарасидааст, вале аллакай шамоли сарди тирамоҳӣ аз фаро расидани мавсими сармо дарак медиҳад. Аз ҳамин хотир омодагиро ба зимистонгузаронӣ аз имрӯз сар кардан лозим аст.

Чизе, ки дар фасли сармо беш аз ҳама барои ҳар як инсон зарур аст, ин пойафзоли гарм ва мувофиқ мебошад. Беҳтарин пойафзол барои мавсими зимистон албатта мӯза аст. Имрӯз дар бозорҳо садҳо намуд мӯзаҳои зебо ва хуштарҳ фурӯхта мешавад ва кас саргум зада, намедонад кадом намуди мӯзаро интихоб намояд.

Мо дар интихоби мӯза ба шумо кӯмак мерасонем. Аксари дизайнерҳо ва мӯдшиносон ба хонумҳо пӯшидани мӯзаи аз зону болоро тавсия медиҳанд,зеро ин намуди мӯза бо ҳама гуна либос мувофиқ ва шинам меафтад.

Ин намуд мӯзаҳоро ҳам дар бозори оммавӣ ва ҳам д дӯконҳои маҳсулоти бренд пайдо кардан мумкин аст, вале албатта нарх ва моледашон аз ҳамдигар фарқ дорад. Мӯзаҳои дароз асосан пошнадор ва бе пошна мешаванд.

Мӯзаҳои пошнадор ба таври визуалӣ пойҳои шуморо дароз нишон медиҳанд. Ин намуди мӯзаро бо палтои чармин, айнаки сиёҳ, ҷавоҳирот, мӯйҳои кушода ва лабони сурхкардашуда пӯшед, ба назар хеле зебо ва як зани идаелӣ менамоед.

Шумо мӯзаро барои охири тирамоҳ ва зимистон интихоб мекарда бошед, ба мӯзаҳои ҳамвор ё платформаҳои ноҳамвор афзалият диҳед. Дар ҳавои боронӣ ва яхбандӣ, ин модел бехатар хоҳад буд, хусусан агар шумо бисёр роҳ равед. Беҳтар аст, ки якбора ду моделро гиред, тобаъдан мушкили “акнун бо ин мӯза чӣ пӯшам?” пеш наояд.

Мӯзаҳои аз зону кӯтоҳ бо юбка, шортҳои аз чарми экологӣ ё матои костюмӣ дӯхташуда хеле хуб ба назар мерасанд. Муҳим он аст, ки либос танг набошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД