Аз 1-уми сентябри соли 2025 ҳамаи навъҳои нафақа - суғуртавӣ, меҳнатӣ, иҷтимоӣ ва заминавӣ бо назардошти 10% афзоиш (индексатсия) пардохт карда мешаванд.
Ин тадбир тибқи Фармони Президенти Тоҷикистон аз 8-уми феврали соли 2025 дар доираи сиёсати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ амалӣ мегардад.
Баъди индексатсия, андозаи нафақаҳо чунин хоҳад буд:
- Нафақаи суғуртавӣ: аз 470,57 сомонӣ ба 517,63 сомонӣ;
- Нафақаи меҳнатӣ: аз 586 сомонӣ ба 644,65 сомонӣ;
- Нафақаи иҷтимоӣ: аз 330,60 сомонӣ ба 366,66 сомонӣ;
- Нафақаи заминавӣ: аз 325 сомонӣ ба 357,50 сомонӣ.