toyota motors
Нахустнамоиши филми ҳунарии «Ошёни меҳр» баргузор гардид
14.04.2026
Oila.tj
88

Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собирови МД «Тоҷикфилм» нахустнамоиши филми ҳунарии «Ошёни меҳр» баргузор гардид. Филм бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» дар ҳамкорӣ бо МДТВ «Синамо» таҳия шуда, ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст.

Коргардони филм Муҳаммадрабӣ Исмоил буда, муаллифи филмнома Мижгона Халилова ва наворбардор Наврӯз Саидов мебошанд.

Филми «Ошёни меҳр» бори нахуст мавзуи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро дар қолаби асари бадеӣ инъикос намуда, аз зиндагии нерӯофарон ва бинокорони ин иншооти бузург қисса мекунад.

Сюжети филм бар пояи ишқи ду ҷавон - Рустам ва Таҳмина рушд меёбад. Онҳо дар муҳити пурталотуми сохтмони “Роғун”, миёни заҳмати сангин ва шароити душвор ошёни муҳаббати худро бунёд мекунанд.

Дар филм ҳунарпешагони касбии кишвар нақш офаридаанд. Ҳамчунин, дар маросими нахустнамоиш қаҳрамонони филм, ҳунармандон, коргардонҳо ва дӯстдорони синамои миллӣ иштирок доштанд.

Ба гуфтаи коргардон Муҳаммадрабӣ Исмоил, филми «Ошёни меҳр» пас аз нахустнамоиш ба намоиши васеъ баромада, ҳамчунин дар шакли силсилафилми телевизионӣ низ пешкаши тамошобинон мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД