arzon replenishment
Намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
1253

Рӯзи 22-юми март дар доираи рӯзҳои наврӯзӣ дар “Боғи Ирам” Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якҷо бо дигар вазорату идораҳо бахшида ба расму оинҳои ҷашни Наврӯз Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ»-ро баргузор мекунад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ ба Оила.ТҶ хабар доданд.

Дар доираи фестивали мазкур ташкили намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, баргузории чорабинии фарҳангию маърифатӣ ва сайругашти идона дар назар аст.
Дар доираи фестивал оинҳои наврӯзӣ, бозиҳои миллии варзишӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ ва либоси миллӣ ба намоиш гузошта мешавад.

Фестивал соли шашум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳон мебошад.

Дар идомаи намоиш баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони мамлакат пешкаши ҳозирин гардонида мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД