Arzon march 2024
Наҷотдиҳандагон 3 касро аз зери тарма бароварданд
265

Бар асари боришоти шадиди барфу борон рӯзҳои охир дар ҷумҳурӣ чанд ҳодисаи тармафароӣ ва резиши санг ба вуқуъ омадааст.

Аз ҷумла шаби 17 ба 18 феврал дар километри 158-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок, ки аз ноҳияи Айнӣ мегузарад, мошини сабукрав, ки ба самти Хуҷанд ҳаракат мекард, зери тарма монд.

Хушбахтона гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба имдод расидаанд ва ронандаю мусофиронро аз мошини зери барфмонда берун оварданд.

Наҷотёфтагон ба макони амн ва хонаи гарм интиқол дода шуда, ба кӯмаки тиббӣ ниёз надоштанд.

Ҳавои сард боз чанд рӯзи дигар боқӣ мемонад. Аз ҳамин хотир аз сокинони кишварамон эҳтиромона хоҳишмандем, ки бидуни зарурат аз сафар кардан ба роҳҳои дур, махсусан кӯҳистон худдорӣ намоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД