Arzon march 2024
Наҷоти кӯдаки 2 сола
627


Тавре Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст, дар яке аз хонаҳои бинои 12-ошёна, воқеъ дар кӯчаи Бохтари шаҳри Душанбе дари хона баста шудааст ва кӯдаки дусола дар дохил танҳо мондааст.

Волидони кӯдак, ки дар берун монда буданд, сахт ба таҳлука афтоданд, ки бо фарзандашон ягон ҳодисаи нохуш рӯй надиҳад, вале хушбахтона наҷотдиҳандагон сари вақт ба имдод расиданд.

Барои бартараф кардани ҳолати ба миён омада ва кушода дар ду роҳ вуҷуд дошт: бо истифода аз таҷҳизоти садамавӣ боз кардани дар ва ё ворид шудан аз тирезаи хона. Аммо мушкил дар он буд, ки агар аз роҳи якум истифода шавад, кӯдак дар дохили хона аз садоҳои барояш ношинос метавонад тарсад ва бар замми ин, дар нимашаб ҳамсояҳо ба ташвишу изтироб меафтоданд.

Аз ҳамин сабаб имдодгарон ба хулосае омаданд, ки аз тиреза вориди хона шаванд ва дарро аз дарун боз кунанд.

Ҳамин тавр онҳо бо истифода аз таҷҳизотҳои кӯҳгардӣ аз тиреза вориди манзил шуда, дарро кушоданд.
Пас аз анҷми амалиёт наҷотдиҳандагон бо волидони тифл ҳамсуҳбат шуда, онҳоро аз паёмадҳои нохӯшӣ ин ҳолат огоҳ карданд ва таъкид намуданд, ки ба ҳеч ваҷҳ кӯдакони хурдслро набояд дар хона гузошт, агар зарур шуд, яке аз волидон бояд аз хона берун шавад ва дуюмӣ бо фарзандашон монад. Мабодо чунин зарурат пеш ояд, ки ҳам падар ва ҳам модар бояд берун раванд, бояд ҳатман кӯдакро бо худ бигиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД