Formula novemver 2024
Наташа Иванова: Ман бангӣ нестам!
1941

 

Вақтҳои охир раққосаи хушхиром Наташа Иванова дар саҳна камнамост.

Яке мегӯяд, ки Наташаро дар як тӯй корд зада куштаанд, дигарӣ иддао мекунад, ки шавҳари хориҷӣ карда аз Тоҷикистон рахти сафар бастааст, саввумӣ даст афшонда “Наташа пири фартут ва чеҳрааш пур аз тӯри ожанг гаштаасту дигар касе талабгори чунин раққосаи пиракӣ нест” мегӯяд...

-Наташабону, шуморо зиндаву саломат ва мисли пештара ҷавону зебо дида ба ҳайрат афтидем, чунки овозаву ҳангомаҳо хеле зиёд буданд. Яке шуморо барвақт ба он дунё фиристода буд, дигаре қасам мехӯрд, ки Наташа пири фартут шудааст..?
-Оҳ напурсед! Ман аз ин сафсаттаҳои ҳангомабофон чунон хаста шудаам, ки намедонам даҳони кадомашро бандам. Бовар мекунед, ҳатто дар рӯзи тӯям, ки дар тарабхонаи «Азамат» баргузор шуд (соли 2007) кормандони ҳифзи ҳуқуқ ташриф оварда, хоҳиш намуданд, ки дар бораи зиндаву саломат буданам забонхат нависам. Чунинашро дар филмҳо ҳам надида будам!

-Ба ҳусну малоҳат ва ҳунари нотакрори Наташа ҳасад мебурдагиҳо хеле зиёданд, шояд рақибонатон аз нотавонӣ чунин овозаҳоро паҳн карда ба таври худашон қасос мегиранд…
-Медонед, то ҳол баъзеҳо дар рӯям маро «Лӯхтаки Барби» мегӯянд. Эҳтимол дар ҳақиқат ба ҳусни худододам ҳасад бурда, чунин сафсаттаҳоро мебофта бошанд.

-Шумо модари се фарзанд ҳастед. Росташро гӯед, ба бачаҳоятон номҳои тоҷикӣ мондаед ё русӣ?
-Таърихи номгузории фарзандонам хеле аҷиб аст. Барои ҷигарбандонам аз китобҳои муқаддас ном ҷуста, билохира онҳоро Амал, Камал, Ҷамал ном ниҳодам. Амал-номи шоҳзода, Камал-фазл, Ҷамал-зебоӣ аст.

-Аксари бонувон ҳатто як маълумоти олӣ гирифта наметавонад, Шумо бошед, чор диплом доред. Душвор набуд бароятон ҳам хондану ҳам рақсидану ҳам бо тарбияи фарзандон машғул шудан?
-Шукронаи модарҷонамро мекунам, ки бароям ҳам дӯсти беҳтарин, ҳам продюсер ва ҳам дояи меҳрубон гаштанд.

-Аксари ҳунармандон, ҳатто худи тоҷикон низ кӯшиши ба хориҷа кӯчидану дар Аврупо ё Амрико зиндагию эҷод намуданро мекунанд. Чаро шумо ин корро накардед?
-Ман Тоҷикистонро сахт дӯст медорам. Аз ин кишвари офтобӣ дил канда наметавонам, вагарна пешниҳодҳо аз хориҷ зиёд буданд.

-Мегӯянд, ки Наташа аз тӯйдорон барои рақсаш 1000 доллар талаб мекунад, рост аст?
-Э нее! Ба кадом ҷашну маъракае, ки то имрӯз даъватам кардаанд, бо ҷону дил рафта хизмат кардааму мекунам. Ҳар чи тӯйдорон ҳиммат кунанд, бо ҳамон қаноат мекунам. Дар тӯйи чандин касон ҳатто бе пул, танҳо барои хурсандии тӯйдорон рақсидам.

-Чеҳра, мӯю рӯй ва чашму мижгонатон тоҷикона аст. Магар ягон раги тоҷикӣ доред?
- Ман русдухтари тоҷикам. Тоҷиконро хоҳарона эҳтиром мекунам. Аслан миллатчӣ нестам, касеро дар умрам аз касе боло нагузоштаам.

-Вақте шумо ба саҳна мебароед, чашм, абрӯ, миҷгон, рагу пайванд, хулоса тамоми вуҷудатон дар ҳавои мусиқӣ мерақсад. Ҳунармандонеро медонам, ки барои шердил шудан пеш аз ба саҳна баромадан машрубот менӯшанд…?
-Ман на бангу сигор мекашаму на машрубот менӯшам, шавқи рақсидан аз кӯдакӣ дар хуну пӯстам ҷой гирифтааст ва вақте дар ҳавои мусиқӣ ба саҳна мебароям, чашму абрӯвонам худ аз худ ба рақс медароянд.

-Дар охир ба мухлисонатон чӣ таманно доред?
-Мухлисони азиз! Ба гапу калоча ва овозаю ҳунгомаҳое, ки дар бораи ман мешунавед, бовар накунед. Ман зиндаву саломат ва ҷавону зебояму ҳамаи шумоёнро дӯст медорам!

Нодирабону

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД