Oila Navruz
9 нишонаи марги ишқ
2452

9 нишонаи марги ишқ

Дар зиндагӣ ҳолатҳое мешаванд, ки муносибатҳои оилавӣ рӯ ба шикаст оварда бошанд ҳам, зану шавҳар инро эҳсос намекунанд ё қасдан худро ба нодонӣ зада, тавре рафтор мекунанд, ки гӯё ягон чиз нашуда бошад. Шумо баъди мутолиаи чор банди ин мавод ба ҳаёти худатон монад буданашро эҳсос намоед, донед, ки аллакай дар девори бахтатон рахна пайдо шудааст.

Ранҷиш

Шумо пайваста аз шавҳаратон меранҷед, вале лаб фурӯ баста чизе намегӯед. Гумон мекунед, ки хомӯш бошед, зиндагиатон вайрон намешавад? Сахт хато мекунед! Дар урфият беҳуда нагуфтаанд: «Коса, ки пур шуд, аз лабаш мерезад», ранҷишу озори дар дил ҷамъшуда як рӯз не, як рӯз ба вулқон табдил ёфта, ҷанҷоли калони оилавӣ сар мезанад. Фаромӯш накунед, озурдагӣ ҳеҷ гоҳ аз дил намеравад, агар омилҳои пайдоиши он гум нашаванд. Ранҷиш ва дарду алами ҷамъшуда метавонад касро ба стресс ва бемориҳои гуногун гирифтор созад.

Беҳурматӣ

Агар кор ба ҷое расида бошад, ки шумо дигар якдигарро ҳурмату эҳтиром намекарда бошед, вой бар ҳолатон. Одамон метавонанд бе ҳурмату эҳтироми якдигар умр ба сар бубаранд, вале бемеҳриву беэҳтиромии ҳамсафари ҳаётӣ аз марг бадтар аст.

Нафрат

Муҳим нест, ки кадом омилҳо боиси нафрат мегарданд, зану шавҳар бояд дар ҳама ҳолат якдигарро дӯст доранд ва дастгирӣ намоянд. Мабодо шумо дар дил нисбати якдигар нафрат дошта бошед, донед, ки муносибатҳоятон хоҳ-нохоҳ сард гашта, зиндагӣ дар назаратон бе рангу бе маънӣ хоҳад гашт.

Дурӯғ

Шумо ҳамсаратонро дӯст надореду танҳо ӯро ранҷонидан нахоста: «ман туро дӯст медорам» гӯед, ғалат мекунед. Ҳақиқат хоҳ-нохоҳ рӯзе рӯйи об мебарояд, зеро тамоми умр бо фиреб умр ба сар бурдан номумкин аст. «Мо хушбахтем, ман хушбахтам, зиндагиамон хуб аст» гӯеду дар асл чунин набошад, маълум мешавад, ки шумо аз ҳақиқат мегурезед.

Нобоварӣ

Ба шарики умратон боварӣ надошта бошед, албатта ин бе сабаб нест. Сабаби нобовариатон ҷиддӣ ва дигар эътимоди пештараро баргардонидан номумкин бошад, бо ин одам зиндагӣ карданатон дигар маънӣ надорад. Тамоми умр ҳамсарро санҷидан, хавотир шудан ва асаби худро вайрон кардан чӣ лозим?

Ҷанҷол дар кӯча

Ҳар он чизи хубе, ки дар бораи ҳамсаратон гуфтан мехоҳед, дар назди атрофиёнатон гӯед. Ҳама гапҳои бадро дар суҳбати рӯ ба рӯ. Шахсе, ки ҳамсарашро дар назди дигарон бадгӯйӣ мекунад, кинаву адовати дар дил доштааш ба берун мебарояд.

Бегонагӣ

Аз ҳамсаратон дурӣ ҷуста бо ҳар баҳона аз ҳамхобагӣ мегурехта бошед, вақте расидааст, ки ӯро тамоман аз ҳаётатон дур созед, чунки шумоён аллакай риштаи пайванди байниҳамдигариро кандаед. Минбаъд бо ҳам зистанатон ба ҷуз дарду азоби рӯҳӣ дигар ба шумо чизе намедиҳад.

Муқоисакунӣ

Ҳамсаратон пайваста шуморо бо нафароне, ки нисбат ба шумо дилкаштар, пулдортар, донотар ва аҷибтаранд, қиёс намояд, пас, вай шуморо паст мезанад. Гумон кунад, ки алафи ҳавлии дигарон сабзтар аст, бигзор ба ҳамон ҷо равад.

Бетарафӣ

Шумо нисбати якдигар чунон бемеҳр гаштаед, ки парвои будану набудани якдигарро надоред? Мисли бегонаҳо ба хотири касеву чизе умр ба сар мебаред? Пас, якҷоя зистани шумоён маънӣ надорад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД