Наврӯз Каримзод соҳиби медали биринҷӣ шуд
Паҳлавони тоҷик Наврӯз Каримзод дар вазни то 81 кг соҳиби медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш-2026 гардид.
Каримзод дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа бо Аҳрор Зиёдуллоев аз Ӯзбекистон қувваозмоӣ карда, мағлуб шуд. Дар натиҷа ӯ мақоми сеюм ва нишони биринҷии чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.
Ҳамин тариқ, варзишгари тоҷик Тоҷикистонро дар ин мусобиқа соҳиби медали биринҷӣ намуд.