arzon replenishment
Наврӯзи қирғизҳо дар Тоҷикистон
264

Аз нигоҳи мардуми қирғиз вақте, ки онҳо Наврӯз мегӯянд, аввалин манзарае, ки пеши назар ҷилвагар мешавад, ин дар майдон сайру гашти идона бо либосҳои қадимию миллӣ, дуди дарахти арча ва дар он ҷо гашту гузор намудани Умай эне, ӯро бошад Хидир - ата (хизр) дар либоси кементай ҳамроҳӣ менамояд.

Дар майдони асосӣ дар ин рӯз барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки намояндагони миллати қирғизи муқими шаҳру навоҳии Тоҷикистон, ҳамчунин кӯдакон, ҷавонон, ҳунармандон, раққосони касбӣ, сарояндагон ва навозандагон баргузор мегардад. Дар майдончаҳои варзишӣ бошад, мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ гузаронида мешаванд.
Агар дар ин рӯз барф борад ин фоли нек дониста мешуд. Ҳусну зебоии духтаронро дар қиссаю ривоятҳои қирғизӣ бо барфи сафеди Нооруз ташбеҳ медоданд, чунки одатан дар моҳи март барфи маҳину сафед меборид.

Қирғизҳо дар рӯзи Наврӯз дастархони сафеди идонаро истифода мебаранд. Пиронсолон бар он муътақиданд, ки ҳангоми Наврӯз қадами мубораки хешро ба хонадон ниҳодан тамоми бебарориҳо ва дарду ранҷи инсон аз он дур мегардад.

Онҳо дар айёми Наврӯз либосҳои сафед мепӯшанд, ба ҳамдигар сафедӣ мепошанд ва хӯрдани таоми соли навро аз шири навдӯшида сар мекунанд. Кӯшиш менамоянд, ки дар ин рӯзи босафо рӯйи зеборо бинанд, хандаю бозӣ кунанд, суруду таронаҳо хонанд ва ё шунаванд. Деҳқони донапош бошад, дуои хайр гуфта, ба кишту кори худ мадад металабад, то сол некӯ бошаду ҳосил фаровон.

Қирғизҳои Тоҷикистон баъди узбекҳо яке аз бузургтарин ақаллиятҳои миллии Тоҷикистон мебошанд. Аз ҷумла, қирғизҳои Бадахшон ҳанӯз дар асри XVI дар қаламрави ҷумҳурии оянда пайдо шуда буданд ва муддати тӯлонӣ асоси аҳолии баландкӯҳҳо дар шарқ ва шимолу шарқи кишварро ташкил дода, як қисми гурӯҳҳои маҳаллии помирии асли ҳиндуаврупоиро ба худ монанд карданд.

Қирғизҳо дар ноҳияҳои Мурғоб ва Ҷиргатол зиндагӣ мекунанд. Имрӯзҳо ин ду минтақа 1/4 қаламрави Тоҷикистони муосирро ташкил медиҳанд. Дар айни замон қирғизҳо дар ҷои сеюм аз ҷиҳати шумораи аҳолии ҷумҳурӣ пеш аз русҳо мебошанд. Минтақаҳои асосии ҷамъи қирғизҳо ноҳияҳои Мурғоб, Лахш, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД