formula
Шири сафедам кӯрат кунад, бачам!
20.08.2019
Р. Азимӣ
17219


Ман як модари аламзадаи дар ба дар мехоҳам саргузашти талхамро ба тамоми мардуми тоҷик нақл кунам, то ҳама фаҳманд, ки дар дунё фарзандони модарбезор ва кӯрнамак бисёранд.

Моҳистон ном дорам. Чанд моҳ шуд, ки дар Русия ҳастам. Шояд шумо гумон кунед, ки мисли дигар занҳои тоҷик ман ҳам ба ин ҷо коркунӣ омадаам, вале дар асл маро носипосии писарам оворагӯр карда, ба мулки мардум овард. Дардамро фақат худам медонаму худованд, зеро коре, ки фарзандан дар ҳаққам кард, душмани кас намекунад. Дар бисотам ҳамагӣ як писар доштам. Шавҳарам барвақт аз олам гузашт. Ҷавон будам, зебо будам, талабгорони зиёде доштам, вале ба хотири он ки писарам пеш-пеши пойи паиндар хору зор нашавад, дигар шавҳар накардам. Худам нахӯрда фарзандамро хӯрондам, худам напӯшида, беҳтарин либосҳоро ба ӯ пӯшондам, хулоса намемондам, ки ба пойи бачам ягон хор халад. Бо гули чиз Равшанро калон карда, умед доштам, ки дар пирӣ дастамро мегирад, такягоҳу мададгорам мешавад, мурдаю зиндаамро соҳибӣ мекунад, аммо сахт хато кардам.
Писарам Равшан мудом очаҷон гуфта, дар гирдам парвона буд,вале аз рӯзе, ки хонадор шуд, пӯстинашр чаппа пӯшида, сояи маро аз девор метарошидагӣ шуд. Бо сад умеду орзу писарамро зан додам, ки келин хизматамро ба ҷо биёраду дар сояи давлаташон каме роҳат бинам, аммо арӯси ҷодугараш Равшанро бо ман душман сохт, ки писарам тирро ёбад маро намеёфт. Агон чиз гӯям ё писарамро насиҳат карданӣ шавам, ба сарам мушт бардошта бо тамоми овоз девонавор дод мегуфт: «дар ҷонам задӣ, кай ту ҳайвон мемурда бошӣ, ки халос шавем!»
Суханони нешдори фарзандам аз ҷавшани ҷонам мегузаштанд ва зор-зор гиря карда, насиҳат мекардам, ки зебонашро нигоҳ дошта, маро озор надиҳад, чунки оҳи дили модар мегирад, аммо ба гӯши бачаи ғуломи зан гаштаам панду насиҳат намедаромад.
Хуласи калом, як бегоҳ келини шӯрандозам боз мани писарамро ҷанг андохт. Равшан хонаро ба сараш бардошта, дар ҳаққи ман носазо мегуфт, дашному ҳақорат медод. Писарамро насиҳат кардам, ки аз пушти зан шуда, ин қадар оби дидаи маро нарезонад, агар ману хонаам маъқул набошем, метавонад бо оилааш дар хонаи хусураш ё ягон ҷойи дигар зиндагӣ кунад. Ман дар ҳаққашон дуои сафед медиҳам. Дар куҷое набошанд, хушбахт бошанд, кофист. Ҳамин гапро гуфтаму дар бало мондам, писарам чанг зада аз банди мӯям дошт ва маро кашон-кашон ба назди ҷевон оварда ба занаш амр кард, ки ҳуҷҷатҳои хонаро барорад. Келин заҳрханда карда ҳуҷҷатҳоро овард. «Ана дидӣ, падарам дар вақташ хонаро ба номи ман мерос гузоштааст. Ту ба ин хона ҳақ надорӣ, баро дафъ шав аҷуза» гӯён, писари нохалафам аз китфам гирифта, маро аз хонаи худам берун кард. Зани маккорааш бо дидани ин манзара чунон бо шавқ қарсак зад, ки гӯё дар театр ягон намоишномаи аҷоибро тамошо карда истода бошад.
«Илоҳо Худо ҷазоятро диҳад» гуфтаму гириста-гириста манзили бо хуни ҷигар ободкардаамро тарк гуфтам. Азбаски ягон ҷойи рафтан надоштам, ба апаам, ки дар шаҳри Маскав зиндагӣ мекард, занг задам. Писарамро дашномҳои болохонадор дода, апаам ба ман пул фиристод, то чипта харида ба Русия биёям. Ҳамин тавр овора шуда ба шаҳри ғурбат афтидам.



Бародар куртаи пора-пораи пур аз хун, узвҳои ҷудо-ҷудо ва сари мӯяш дарози хоҳарашро нимбеҳуш ҷамъ оварда, ҳамроҳи рафиқаш онро ба халтае ҷо карда, нола мекард: -Куҷои ман мард? Оҳ ман ба модарам чӣ хел устухонпораҳоро дода, ин хоҳарам аст гӯям? Лаънат ба ман барин бародар.



Апаам Саноат бо келину бачаҳояш дар мағоза кор мекунанд, ман бошам, набераҳои ӯро нигоҳубин мекунам. Хизмати апаю язнаам ва фарзандони онҳоро карда, нонамро ҳалол карда мехӯрам, то нагӯянд, ки дарди сари мо шуд. Зиндагии апаам серу пур аст. Хонааш аз чизе камбудӣ надорад, вале як бурида нони мехӯрдаам дар танам ҳамеша заҳр мешавад, чунки алами хориҳои додаи писари модарбезорамро то имрӯз фаромӯш карда наметавонам. Ба фарзанди дилозороам гуфтаниям:
-Равшан, ман туро бо садҳо умеду орзу ба воя расонда будам, ки як рӯза мурдаамро соҳиб шавӣ, вале ба ҷойи раҳмат гуфтану такягоҳи модар гаштан ба рӯям туф карда, маро аз хонаи худам берун кардӣ. Як бор андеша накардӣ, ки модар бо ҳазорон азоб фарзанд калон мекунаду дар сурати носипосӣ кардан ба бедорхобиҳои ӯ дар сари гаҳвора, оҳи дилаш мегирад.
Маро дар дами пирӣ бехона, сарсону сагрардон ва овораю дар ба дар кардӣ. Илоҳо шири сафедам кӯрат кунад, бачам!

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Абу Мухаммад 2019-08-22, 00:17
Аллох хидояташ кунад,вагарна ба сахтарин азоб ва хориву зори хам дар дунье ва хам дар охират ру ба ру хохад шуд ин окки Падар ва Модар..!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(2)
Абу Мухаммад 2019-08-22, 00:17
Аллох хидояташ кунад,вагарна ба сахтарин азоб ва хориву зори хам дар дунье ва хам дар охират ру ба ру хохад шуд ин окки Падар ва Модар..!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД