sebiston july new
Нигина Амонқулова: Дӯстдоштаи Худоям
845

Нигина Амонқулова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва яке аз овозхонҳои шинохтаи тоҷик меҳмони “Азия-Плюс” шуд ва перомуни раҳи тайкарда, шӯҳрати бадастоварда, ҳунар ва таъсири он, тарзи либопӯшии овозхонон, як саргузашти ҷолиб ва зиндагии хусусиаш суҳбат кард.

Роҳи душвори Нигина Амонқулова

Нигина Амонқулова соли 2006, вақте 20 сол дошт, бидуни маълумоти олии донишгоҳи санъат, тавассути озмуни эҷодиёти халқ - “Андалеб” ба майдони санъати тоҷик ворид шуд.

Ба қавли худаш, пас аз муваффақият дар ин озмун, варо дар чандин чорабиниҳои давлатӣ даъват карданд ва дар як чорабинӣ раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз ҳунараш ситоиш кард ва пешниҳод намуд, ки дар пойтахт бимонад ва ҳамин ҷо дар риштаи санъат таҳсил кунад. Овозхон аз ҷониби ҳукумати кишвар дар Душанбе хонаи истиқоматӣ тӯҳфа гирифт, вале падару модараш на танҳо барои ба пойтахт кӯч бастан, балки ба овозхон шуданаш ҳам зид буданд.

Падараш танҳо пас аз дидани муҳаббати зиёди мардум нисбати ҳунараш ва модараш пас аз таъкидҳо, ки дар оянда дар атрофи номаш овозаҳои зиёд паҳн нахоҳад шуд, бо ин тасмими Нигина розӣ шуданд.

Ҳамин тавр, соли 2006 Нигина Амонқулова бо аҳли оилааш ба Душанбе омад, таҳсил намуд ва ҳамоно дар пойтахт машғули эҷод аст.

Санъатшиносон, мухлисон ва ҳаводорони Нигина Амонқулова бар он назаранд, ки солҳост дар кишвар барои дарёфти истеъдодҳо озмунҳо баргузор мешавад, вале истеъдоде ба мисли Нигина кашф нашуда, ки ба дили ҳама халқи тоҷик ва берун аз он ҷо гирид.

Ҳамон Нигинаи пешинам...

Нигина Амонқулова мегӯяд, бо гузашти солҳо андешааш тағйир кард, дар шароит ва муҳити гуногун буд ва бисёр машҳур ҳам шуд, вале ҳамон Нигинаи пешина аст ва дар зиндагияш, атрофиёнаш ва худаш тағйироти ҷиддие намебинад.

“Вақте ки якбора машҳур мешавӣ, вақте нигоҳҳои зиёд сӯи туст, вақте якбора пулдор мешавӣ, хоҳ-нохоҳ тағйирот дар одам мешавад. Лекин ман ҳоло ҳам ҳамон Нигинаи пешинам”, - таъкид мекунад овозхон.

Ӯ меафзояд, “ҳунар бароям як тӯҳфаи илоҳӣ аст, ман кӣ ҳастам, ки худамро баланд гирам. Ҷое даъват мекунанд, кӯшиш мекунам, ки ҳатман равам”.

Овозхон мегӯяд, шояд мардум фикр кунанд, ки Нигина пас аз машҳур шудан тағйир кард, зиндагияш, атрофиёнаш, муносибаташ дигар гашт, вале аслан ин гуна нест.

“Ман то ҳанӯз бо ҳамсинфону дугонаҳои кӯдакиям суҳбат мекунам, хонаашон меравам, дар маъракаҳояшон хидмат мекунам. Мумкин диду назарам, андешаҳоям тағйир ёфта бошад, вале худам - не”, - иброз медорад Нигина Амонқулова.

Мавсуф меафзояд, “мардум шояд фикр кунанд, ки ман ба ҳама тӯйҳо пулакӣ меравам, на, ба тӯйҳое ҳам меравам, ки мухлиси асил ҳастанд, вале шароит надоранд”.

“Ҳунарманд бояд либоси дуруст пӯшад”

Нигина Амонқулова аслан бо либосҳои миллӣ, бештар бо атлас ба рӯи саҳна мебарояд, вале гоҳо бо либосҳои аврупоӣ ҳам рӯи саҳна падидор мешавад. Дар ҳамин ҳол, ӯ бар ин назар аст, ки чеҳраҳои шинохта бояд либоси мувофиқ пӯшанд, то ки таъсири манфӣ ба ҷомеа нарасонанд.

Ин овозхон мегӯяд, “таъсири ҳунарманд ба омма зиёд аст. Чунки бештар нигоҳ мекунанд, сурудашро гӯш мекунанд, либоспӯшиашро мебинанд ва пайравӣ ҳам менамоянд, аз ин рӯ, ҳунармандон дар ин ҷиҳат бояд бисёр эҳтиёткор бошанд”.

“Либоспӯшии ҳунармандон, овозхонҳо, чеҳраҳои шинохта бояд дуруст, аз шариат берун набошад, чунки духтарчаҳои ёш, мактабхонҳо таҳсуб мекунанд”, - таъкид мекунад Амонқулова.

Ғайр аз ин, мавсуф ҷонибдори пӯшидани тоқиҳои миллӣ аст ва мегӯяд, ки “ман мувофиқ ба сурудҳоям дар саҳна ҳоло ҳам тоқӣ мепӯшам”. Муддатҳо инҷониб фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мухлисон ва ҳатто телевизионҳои давлатии кишвар либосҳои аврупоӣ пӯшидани овозхонҳову ҳунармандони тоҷикро интиқод мекунанд ва ҳоло ин мавзӯъ яке аз масоили доғи рӯз гардидааст.

Як саргузашти Нигина

Нигина Амонқулова наздики 20 сол инҷониб дар маросими тӯйҳо ҳам хидмат мекунад ва натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар кишварҳои ҳамсоя ҳам мухлис дорад. Ин овозхон дар мусоҳиба бо “Азия-Плюс” перомуни як саргузашти аҷибаш қисса кард. Мавсуф мегӯяд, боре барои баргузории як маърака ба ноҳияи Сӯхи Ӯзбекистон даъват шуд, вале бо азоби зиёд ба он ҷо рафт ва ба соҳибҷашн хидмат расонд.

“Мо аввал аз Душанбе ба Хуҷанд, аз Хуҷанд ба Фарғона парвоз кардем. Он ҷо ҳаво хеле туман буд. Тайёраи хурдакак ба самти Сӯх парвоз карда натавонист. Ба мушкил гирифтор шудем, зеро аз фурудгоҳи Фарғона ба самти ноҳияи Сӯх ҳар ҳафта як маротиба тайёра парвоз мекардааст, бо мошин ҳам рафта намешуд, чунки барои он ҷо рафтан аз сарҳади Қирғизистон бояд гузарӣ ва ин кишвар ғайр аз бошандагони ин қаламрав, бегонагонро гузаштан намемонад”, - нақл кард ҳамсӯҳбати мо. Ӯ афзуд, “дар тӯйхона моро ҳазорон нафар интизор буданд, вале рафта нашуд, боз ба Хуҷанд ва аз он ҷо ба Душанбе баргаштем”.

Пас аз ин нобарорӣ модари соҳибҷашн ба овозхон занг мезанад ва хоҳиши зиёд мекунад, ки “як илоҷ карда, ба ин маърака биёед, ман муштоқи дидоратон ҳастам”.

Нигина Амонқулова гуфт, баъди хоҳиши зиёди он модар тасмим гирифта, ки ҳатман ба ин хонадон хидмат мерасонад. Мавсуф дар идома афзуд, ки пас аз як ҳафта дубора аз Душанбе ба Хуҷанд, аз Хуҷанд ба Фарғона ва аз Фарғона ба Сӯх парвоз карда, ба он маърака расидааст.

“Вақте расидем, мардум моро хеле хуш пазируфтанд ва меҳру муҳаббати онҳоро дида, тамоми хастагиям гум шуду душвориҳои роҳро фаромӯш кардам. Зиёд суруд хондем. Мардум ҳам бисёр хурсанд шуданд. Меҳмондории хуб карданд, то фурудгоҳ боз гусел намуданд”, - иброз дошт ӯ. Ҳамин тавр, афзуд, ки “ҳоло ба некӣ ёд мекунаму аз ба ин тӯй бо душвориҳо рафтан ман пушаймон нестам”.

“Бандаи дӯстдоштаи Худованд ҳастам”

Нигина Амонқулова солҳост инҷониб дар дастаи ҳунарии “Дарё” фаъолият мекунад ва ба қавли худаш дар фаъолияти эҷодӣ озодии комил дорад. Ӯ бо нигаронӣ аз вазъи Афғонистон мегӯяд, ки “дар давлати ҳамсоя асбобҳои мусиқиро мешикананд, озод эҷод карда наметавонанд, ҷои афсӯс аст. Шукр, мо дар ҳар куҷое хоҳем, консерт баргузор мекунем, дар ҳама маҳфилҳои мардум иштирок мекунем, озодем”. “Бандаи дӯстдоштаи Худованд ҳастам, зани хушбахтам, шавҳари хуб дорам, ду фарзанди дӯстрӯяк дорам ва шукр мекунам, ки дар ҳамин оила ва дар ҳамин кишвар ба дунё омадаам”, - мегӯяд Амонқулова.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД