formula
Ниқобҳо барои зебоии пӯст
909

 

Маҷмӯи ниқобҳое, ки дар рафҳои мағозаҳои косметикӣ пешниҳод шудаанд, хеле гуногунанд. Аммо, мутаассифона, таркиби онҳоро табиӣ номидан мумкин нест. Аммо ба мо маҳсулоте лозим аст, ки ҳам зебоӣ бахшанд ва ҳам боиси пайдоиши чунин мушкилот ба монанди нарак, чин ва аллергия нашаванд.

Ниқобҳои тароватбахшро ҳар ҳафта 2-3 маротиба омода карда, дар рӯй молидан мумкин аст. Аз ин ниқобҳо истифода бурда, пӯсти худро зебову нафис ва тароватбахш нигоҳ доред.

Ниқоб аз поғаҳои ҷав (овсяные хлопья) – 3-4 қошуқ поғаҳои ҷавро дар шири ҷӯшомада ё қаймоқ тар кунед. Ниқоби ҳосилшударо дар пӯсти рӯй молида, 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Пасон рӯятонро бо оби ширгарм шӯед. Ин намуди ниқоб пӯсти хушку шамолкашида ва дағалшударо нарм месозад.

Ниқоб аз кефир – барои ин намуди ниқоб 100 -200 мл кефир ё сметана лозим аст. Ин маҳсулоти шириро дар рӯй молида, муддати 15 -20 дақиқа нигоҳ доред, баъдан рӯятонро бо оби ширгарм ва собун шӯед, зеро агар равғани он дар зери пӯстатон монад, дар зери нури офтоб месузонад ва доғдор мекунад.

Ниқоб аз фалла – дар омода намудани ин навъи ниқоб ба мо ин гуна маҳсулот лозим аст: 2 қошуқ – фалла, 2 қошуқ – шарбати сабзӣ, 2 қошуқ – равғани зайтун, 2 қошуқ- шир. Ҳамаи маҳсулотҳоро хуб омехта кунед. Ниқоби омодашударо ба пӯсти рӯй молида, 15 – дақиқа нигоҳ доред баъдан бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз асал – 2 қошуқ асалро бо 1 қошуқ поғаи ҷав ва 2 қошуқ шир илова карда, хуб омехта кунед. Малҳамро ба пӯсти рӯй молида, 15 -20 дақиқа нигоҳ доред. Шахсоне ки аз асал аллергия доранд ба онҳо истифода кардани ин ниқоб манъ аст.

Ниқоб аз банан – 1 дона бананро реза карда, дар зарф гиред ва лат занед, ба он 1 қошуқча равғани зайтун, ним қошуқча шарбати лимӯ илова карда, хуб лат занед. Ниқобро ба пӯсти рӯй молида, 15 -20 дақиқа нигоҳ доред ва пасон бо оби ширгарм нағзакак бишӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД