sebiston july new
Ниқобҳое, ки чинҳои атрофи чашмро ҳамвор месозанд
1505

 

Ниқоб аз банан

Банан аз қадим бо хусусиятҳои барои пӯст фоидабахш буданаш ном баровардааст. Сабаб дар он аст, ки витамини С-и таркиби ин мева ҷараёни пиршавии пӯсти рӯйро ба таъхир гузошта, чинҳоро ҳамвор месозад. Витамини гурӯҳи В хушкии пӯстро рафъ ва витамини Е пӯсти атрофи чашмро ғизо ва тароват мебахшад.

Як пора бананро бо ду қошуқ равғани дар оташ обшудаи маска омезиш дода, маҳлули яклухтро ба пӯсти атрофи чашм молида, баъди 20-25 дақиқа тоза кунед.

 

Ниқоб аз тухми зағер

Тухми зағер давои беҳтаринест барои ҳамвор намудани чинҳои атрофи чашм. 2 қошуқ тухми зағерро дар 2 стакон об то замоне ҷӯшонед, ки тухми зағер ба шавла мубаддал гардад. Баъди ширгарм шудани маҳлул онро ба даруни докача гирифта, дар пӯсти атрофи чашм муддати 20 дақиқа нигоҳ доред.

 

Ниқоб аз асал

Асал аз ҷиҳати витамин ва микроэлементҳои таркибаш чемпион ба шумор меравад. Қабл аз ҳама давои бемислест, ки пӯстро хеле хуб нарм мекунонад, зеро намиро дар ҳуҷайраҳои пӯст нигоҳ дошта, пайдоиши ожангҳоро пешгирӣ менамояд.

Дар зарфе як қошуқча асал ва зардии як дона тухмро аралаш карда, маҳлули ҳосилшударо ба пӯсти атрофи чашм ва мавзеи чинҳо молида, баъди 15-20 дақиқа бо оби гарм шӯед.

 

Ниқоб аз ҷаъфарӣ

Ҷаъфарӣ дорои витаминҳои зиёд буда, хусусияти ҷавонбахш, сафедкунанда ва ҳамворкунанда дорад. Ҷаъфариро маҳин реза карда, ба даруни докача гиреду ба пӯсти атрофи чашм гузоред. Ҳамзамон метавонед ҷаъфариро бо картошкаи хоми аз турбтарош гузаронидашуда аралаш карда, истифода баред. Дар ин сурат таъсирнокии он дучанд мегардад. Ниқобро 20 дақиқа нигоҳ дошта, шӯеду баъдан ба пӯсти атрофи чашм малҳами нармкунанда молед.

 

Ниқоб аз қулфинай

Қулфинаи буттамеваи беназирест, ки витамин ва микроэлементҳояш таровати пӯстро барқарор ва мувозинаи обиро нигоҳ медоранд. 4 дона қулфинайро бо асал то яклухт шуданаш омезиш дода, дар даруни дока гиреду ба пӯсти мавзеи чашм гузошта, 15 дақиқа нигоҳ доред. Ниқобро бо докаи дар шир таршуда тоза кунед.

 

Ниқоб аз шарбати сабр (алоэ)

Шарбати алоэ барои ҳамвор намудани чинҳои атрофи чашм воситаи беҳтарин ба шумор меравад. Хусусан пӯсти ҳассосро хеле хуб нарм мекунад. Шарбати сабрро бо ҳаракатҳои маҳин ба пӯсти атрофи чашм молида, метавонед, ки нашӯед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД