arzon replenishment
Ниқобҳои ҷавонкунанда аз меваю сабзавот
648

 

Банани ҳуснофар

Ниқоб аз банан пӯстро ғизо мебахшад. Ниқоби бананиро ҳар саҳар пеш аз хона баромадан ба пӯст молидан лозим аст. Он аз минералҳо бой буда, рӯзи дароз ба пӯст қувват мебахшад. Барои тайёр кардани ин ниқоби фоидабахш ним бананро кӯфта, каме равғани зайтун (оливковое) ва чанд қатра лимӯ ё пучоқи кӯфтаи лимӯро ба он илова намоед ва ба рӯю гарданатон молида, 10-15 дақиқа нигоҳ дореду сипас бо оби ширгарм шуста, малҳами рӯзонаи худро молед.

Ниқоб аз сабзӣ

Ниқоби сабзигиро аслан барои пӯсти хушк истифода мебаранд. Он пӯстро нарм сохта, аз витаминҳо шодоб мегардонад. 2-3 дона сабзиро аз турбтарош гузаронида, бо зардии як дона тухм аралаш кунед ва ба пӯсти рӯятон молед. Баъди 20-25 дақиқа ниқобро бо тампон ва оби ширгарм аз рӯятон тоза кунед. Ин ниқобро ҳафтае танҳо 1 ё 2 маротиба молидан кифоя аст.

Ниқоб аз помидор

Барои ботароват сохтани пӯсти хушк помидорро аз турбтарошак гузаронида, бо каме оҳар ва чанд қатра равғани растанӣ омехта кунед. Ниқобро ба пӯсти рӯятон молида, 15-20 дақиқа нигоҳ доред, сипас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.

Ниқоб аз қулфинай

Ин ниқоб барои пӯсти беобу хаста ва коҳида тавсия мешавад. Он пӯстро ғизо дода, рагчаҳоро қувват мебахшад. Як истакон оби ҷӯшидаро андаке хунук кунонида, ба он як қошуқча содаи хӯрокаро илова кунед. Қулфинайро бо чангак лат занед. Докаи дуқабатаро дар оби содадор тар карда, ба рӯю гарданатон пӯшонида, аз болои дока қулфинайро тунук кунед. Ниқобро 15 дақиқа нигоҳ дошта, сипас шӯед. Дар давоми 7 рӯз табобатро боз такрор кунеду баъдан ҳафтае ду бор дар як моҳ ниқоб молед. Барои пӯсти аллергиядошта чунин ниқобро тавсия намедиҳем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД