sebiston july new
Нишона ба репертуараш тағйирот даровард
608

Нишонаи Рустам, овозхони ҷавону муваффақ, ин дафъа ба репертуараш тағйирот ворид кард.

Ӯ бо дархости мухлисонаш таронаи маъруфи сарояндаи эронӣ Муҳсин Ягона – “Бе ҳет қул медам”-ро сароид.

Суруди мазкур давоми 4 рӯз бештар аз 50 000 боздид гирифта, корбарони зиёд онро бо хушнудӣ пазируфта, дар шарҳҳо маҳорат ва садои ҷозиби сарояндаро тавсиф кардаанд.

Бояд гуфт, ки ин суруд дар фазои интернет бениҳоят маъруф буда, онро Муҳсин Ягона 6 сол қабл суруда буд ва то имрӯз бештар аз 187 миллион бинанда онро дидааст. Охирин маротиба 3 моҳ қабл онро бонуи узбек Шаҳло Аҳмадова суруд, ки то имрӯз наздик ба 6 миллион бор тамошо шудааст.

Нишонаи Рустам, ҳунарманди ҷавони тоҷик аст, ки тавонист ба зудӣ таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб кунад. Замоне ӯ худро чун модел нишон дод ва боз ҳам сертаваҷҷуҳ шуд. Ӯ хоҳари овозхони муваффақ Шаҳнози Рустам ва духтари овозхони ғуррамарг Рустами Қосим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД