Arzon march 2024
Нишонаҳои нарасидани кальций дар организми инсон
2157

 

Кальций дар саломатии инсон нақши муҳим дорад. Норасоии ин модда метавонад боиси рехтани дандонҳо, зудшикан шудани нохунҳо ва гирифтор гаштан ба дарди устухонҳо гардад.

Оё дар организми шумо кальций мерасад?

Тести мазкур кӯмак мерасонад, ки ба ин савол ҷавоб гиред. Барои ин ба саволҳои зер содиқона ҷавоб доданатон лозим аст:

1. Шумо аз офтоб аллергия доред?
2. Ба табларза гирифтор мешавед?
3. Ҳар рӯз камтар аз як истакон шир менӯшед?
4. Хеле кам кефир ваҷурғот мехӯред?
5. Бештар обҳои ширини газнок менӯшед?
6. Дӯстдори сабзавоти тару тоза нестед?
7. Хӯрдани ҳасиб ва гӯштро дӯст медоред?
8. Аз остеопароз азият мекашед?

Агар ба аксари саволҳо ҷавоби “не” дода бошед, маълум мешавад, ки ҷисми шумо аз норасоии кальций азият намекашад.
Агар аз нисф зиёди ҷавобҳоятон “ҳа” бошанд, пас кальций дар ҷисми шумо хеле кам буда, барои барйқарор намудани миқдори ин моддаи муфид бояд тадбирҳои фаврӣ андешед. Барои ин чи бояд кард?

1. Бештар шир ва маҳсулоти ширӣ хӯред. Махсусан панири равғаннокиаш кам муфид буда, ба зудӣ ҷисми шуморо бо кальций пур мекунад. Фарқ надорад, ки худи панирро истеъмол мекунед ё онро ба таркиби хӯриш ва шириниҳои пухтаатон илова менамоед. Панир дар тамоми намудҳояш муфид аст.
2. Йогурт низ метавонад талаботи ҷисми инсонро ба кальций қонеъ гардонад. Махсусан йогурте, ки дар таркибаш бактерияҳои зинда мавҷуд буда, қанд ва моддаҳои хушбйкунанда надорад, фоиданок аст.
3. Моҳӣ аз кальций бой аст. Махсусан намудҳои зерини моҳӣ бисёр фоиданок ҳастанд: сардины, шпроты, килька.
Дар таркиби консерваҳои моҳигӣ натанҳо кальций, балки фосфор низ мавҷуд аст. Туфайли ин ҳамбастагӣ ҷисми инсон кальцийро ба зудӣ ҷаббида мегирад.
Дар таркиби донагиҳо, аз ҷумла лӯбию, соя, горох ва кунҷид низ кальций фаровон буда, ба пурқувват шудани устухон ва дандонҳои шумо ёрӣ мерасонад. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД