Arzon april 2022
Нони рус арра дорад!
2807

Баъди хатми донишгоҳ дар литсей ба ҳайси муовини директор кор мекардам. Маошам 2000 сомон буд, ғайр аз ин, боз дар як ширкат ҳамчун мутахассиси компютер кор карда, аз он ҷо низ музди хуб мегирифтам. Аз чизе танқисӣ намекашидам, вале нафсам бадӣ карда дар фикри ба хориҷа рафтан афтидам.

Мехостам дар ягон шаҳри калон тарабхона кушода миллионер шавам. Падару модарам розӣ набуданд, ки тарки Ватан намоям, вале як шиносам, ки аз орзуҳои осмонии ман бохабар буд, мудом васваса менамуд, ки ба гапи касе гӯш надода, аз пайи амалӣ намудани нақшаи худ шавам. «Ба умеди ҳамон чор танга пули Тоҷикистон рӯзи дароз кор карда, умри ҷавонатро беҳуда хазон накун, дӯстам! Ин қадар заҳмате, ки ту дар ин ҷо мекашӣ, агар дар хориҷа чунин кор кунӣ, ба сарат борони доллар мерезад. Дар таги пул мемонӣ» шайтон барин ҳар рӯз мегуфт дар бехи гӯшам ин дӯсти забонӣ ва мани васвосӣ мисли мурғи дар қафас ҳавои парвоз мекардам.
Ҳамин тавр ба васвасаҳои рафиқам дода шуда аз баҳри ҳарду ҷои корам гузаштам ва билет харида тарки Ватан намудам. Аз додаҳои худованд ношукрӣ кардаю бе дуои волидон ба сафар баромада боварии комил доштам, ки дар мулки бегона маро пулу мол ва обрӯю нуфузи зиёде интизор аст. Умед доштам, ки дар мулки дигар кор карда бо осонӣ соҳиби пулу моли зиёд мешавам. Нақша доштам, ки аввал дар Русия тарабхона мекушоям, баъд ба Амрико ё ягон кишвари дигари пешрафта меравам, вале хаёлам хом баромад.
Дар шаҳри Ростов як бинои вайронаро дарёфт намуда, тасмим гирифтем, ки онро ҳуҷҷатӣ карда ба тарабхона табдил диҳем. Бо сад азобу машаққат мо биноро таъмир намудем, ҳама ашёҳои заруриро гирифтем, пул дода ҳуҷҷатҳоро низ тахт кардем ва корро оғоз намудем.
Аксари коргаронро аз байни муҳоҷирони тоҷик интихоб намудем, то дар тарабхонаамон расму русуми тоҷикиро побарҷо нигоҳ дорем. Тарабхонаи мо зуд муштариёни худро пайдо намуд. Бисёртар муҳоҷирони тоҷик ба тарабхона омада, бо нархи арзон хӯроки нисфирӯзию шом хӯрда мерафтанд, аммо ҳуҷҷатҳои бо сад давутоз гирифтаамон қалбакӣ баромаданд ва якбора ҳама чиз такорӯ шуд. Барои бо ҳуҷҷатҳои сохта кор кардан ҷарима баста, тарабхонаро маҳкам карданд.
Аз кори кардаам ҳазор бор пушаймонам, чунки дар Ватан ман аз ҳеҷ чиз камӣ надоштам. Бо умеди пули калон ба мулки бегона омада, оқибат ба кори сохтмон ҳам зор шудам. Рӯзи дароз семент мешӯраму хишт мекашонам. Беҳуда аз додаҳои худованд ношукрӣ кардам, акнун бинед, ки муовини директор дар кадом ҳол афтидааст...
Сарнавиштамро ба он хтир нақл кардам, ки тақдири талхи ман ба дигарон дарси ибрат шавад ва бо умеди дунбаи нася гӯшти нақдро аз даст надиҳанд. Кӯшиш кунед, ки дар Ватан ҷои кори муносиб ёфта, бо меҳнати ҳалол ризқу рӯзиатонро ёбед дӯстон, чунки ғарибӣ кӯйи сахт аст. Нав фаҳмидам, ки нони мулки рус арра доштааст. Худо ягон касро ғариб ва ба бегонаҳо зору муҳтоҷ насозад!
Амрулло, аз Русия

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД