shoh palace
НОНИ ШӮ АРРА ДОРАД
3816

“Зӯроварӣ нисбат ба занон шояд шармовартарин поймолкунии ҳуқуқи инсон ва шояд маъмултарин ҳам бошад. Он ҳудуди ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ё дороиро намедонад. То замоне ки он давом мекунад, мо наметавонем талаби пешрафти воқеӣ дар самти баробарӣ, инкишоф ва осоиш кунем,” - мегӯяд Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ.

Насиба ҳанӯз 30 сол дорад. Имрӯз ӯ зиндагии мустақил дораду дур аз падару модараш зиндагӣ мекунад. Аз оиладории ӯ бо шавҳараш Насим 6 сол сипарӣ шуд. Ин ҷуфти ҷавон имрӯз соҳиби 2 фарзанданд. Вале Насиба мегӯяд, ки дар зиндагӣ рӯзи хуш надид. Қариб ҳар рӯз шавҳараш ӯро зери мушту лағад қарор медиҳад. Ин зани дар ҳаёт азиятдида зимни суҳбат бо хабарнигори Oila.tj гуфт, ки чанд сол боз ӯ ба зӯроварии шавҳараш тоб оварда, ҳамроҳ бо Насим зиндагӣ дорад. “Ман аз чунин тарзи зиндагӣ аллакай хаста шудаам. Шавҳари бераҳмам ҳар рӯз бо баҳонаҳои ночиз маро азоб медиҳаду зери мушту лағад мегирад. Ҳатто бисёр вақт дар назди фарзандонам маро мезанад. Охир, ин ба онҳо таъсири бад мерасонад. Шавҳарам бар замми бераҳм будан, як бадмасти гузарост. Ӯ қариб ҳар шаб баъди кор ба хона маст омада, ҷанҷол мебардорад. Ҳатто падару модари пираш низ аз бадии даҳони ӯву мушту лағадаш амон намемонанд. Баъзан бо падари мӯйсафедаш низ дастбагиребон мешавад. Дигар намедонам чӣ кор кунам. Дилам аз зиндагӣ хунук шудааст”,-мегӯяд ин зани бечора. 

Дар кишвари мо ҳамтоёни Насиба хеле зиёданд. Аксар занони тоҷик имрӯз гирифтори хушунати хонаводагӣ буда, аз дасти шавҳар ё хусуру хушдоман шикоят мекунанд. Бояд гуфт, ки дар ҳама давру замон мутафаккирон, донишмандон, ҳуқуқшиносон, шоиру нависандагон ва намояндагони дигар касбу кори гуногун зӯроварии хонаводагиро маҳкум намуда, зану шавҳаронро ба созиш даъват карда истодаанд. Зеро дар замони пешрафти илму техника, ки сатҳу сифати зиндагии сокинони сайёра бамаротиб боло рафтааст, ҳодисаҳои зӯроварии оилавӣ хеле зиёд мушоҳида мешаванд. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳар зани сеюм дар ҷаҳон дар тӯли ҳаёт латукӯб мешавад ва ё зери таъсири хушунати хонаводагӣ қарор мегирад. Дар аксар ҳолат озордиҳандагон шавҳаронанд. 

Дар оини оиладории халқи тоҷик таълиму тарбияи фарзанд ва хушбахт будани оила рукни асосии зиндагии якҷояи зану шавҳар ба ҳисоб меравад. Оилаи солим дар ҳоле ба ҷамъият фоидаи худро расонида метавонад, ки ҳар як узви он бо андешаи солим ба воя расида, барои пешравии кишвараш саҳмгузор бошанд. 

Яке аз сабабҳои асосии бадбахтии оилаҳои ҷавон рашки зиёд ва зулми пайваста аз пушти ин кор аст. Рашк ҳар қадар кам бошад, беҳтар аст, зеро оқибат зӯроварию хушунатро дар худ дорад. Хушунат ҳуқуқвайронкунии ҷиддие мебошад, ки муқаррароти қонунгузории мамлакат барои он ҷазо пешбинӣ кардааст. Ин навъи зӯроварӣ имрӯз ба яке аз сарчашмаҳои бефарҳангӣ, дағалӣ ва беэҳтиромӣ нисбати занон табдил ёфтааст. Дар оилае, ки зулму хушунат ҷой дорад, аз хушбахтӣ ягон осор намемонад. Яъне, агар шавҳар зани худро зери лағад қарор диҳад, ин ҳолат сабаби бадбахтии фарзандон мегардад. Ҳатто хешу табори зан низ аз чунин муомила азоби руҳӣ мекашанд.


ШУМОРО ХӮРОНДА НАМЕТАВОНАМ, МОДАРҶОН!


Мутаассифона, дар ҳаёти имрӯз мардонеро метавон вохӯрд, ки келини навро на ҳамчун узви оила ё тарбиятгари ояндаи фарзанд шинохта метавонанд. Зеро аксар вақт чун арӯсро ба хонаи домод оварданд, хурду бузурги хонадон ӯро ба ҳайси як хизматгор мешиносанд. Дар баъзе оилаҳо келин овардан маънои коргар гирифтан дар хона ба ҳисоб меравад. Яъне, дар ин маврид духтари ҷавон баробари келин шудан ҳуқуқхои фитриву инсонии худро пурра аз даст медиҳад. Чунки ҳамаи рафтори вай зери назорати қатъӣ шавҳар, хушдоман хоҳаршӯяш меафтад. Дар бисёр ҳолат ҳатто тарзи либоспӯшиашро низ онҳо танзим менамоянд. Бисёр вақт чунин омилҳо ба пош хӯрдани оилаҳои ҷавон сабаб мешаванд. Масалан, шавҳар мехоҳад, ки занаш бо сатр ё рӯсарӣ гардад, вале азбаски келин дар оилаи муосир ба воя расидааст, инро қабул карда наметавонад. ин боиси ҷанҷол, хушунат ва оқибат ҷудошавии онҳо мегардад. 

Оилаҳои зиёде ҳанӯз дар аввали зиндагӣ маҳз ба он сабаб пош мехӯранд, ки муносибати онҳо ба келин на ҳамчун фарзанд, балки чун шахси бегона сурат мегирад. Маълум аст, ки яке аз нақшҳои муҳими волидон дар тарбияи фарзандон доштани эҳтиром самимияту муҳаббат ва ғамхору меҳрубон будан нисбат ба ҳамдигар аст. Бисёр вақт чунин духтаракон ҳатто дониши ҳуқуқӣ надоранд, ки баробарҳуқуқиро дарк карда, худро ҳимоя кунанд. 

Таҳлили ҳодисаҳои вобаста ба зӯроварӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳолати надидани чора ва ислоҳ нашудани вазъ мумкин аст кор бо фоҷиа анҷом ёбад. Чунончи, тибқи маълумоти як Созмони ҳимояи ҳуқуқи занон ҳар сол дар қаламрави Федератсияи Россия аз ҷабри шавҳар ё дӯстдошта наздик 15000 нафар зан мефавтад.  

Дар мавриди дучоршавӣ ба хушунати хонаводагӣ ё зӯроварии оилавӣ чанд сабабро метавон мушоҳида кард. Яке аз маъмултарин нишонаҳои он дар оила ҷабри хушдоман ва ё наздикони домод ба арӯси хонадон мебошад. Дар мафкураи аксар ҷавонони имрӯз нақш бастааст, ки келин бояд хизматгор ва тобеи хонаводаи шавҳар бошад. Арӯси ҷавон бо ҳазорон орзую умед ба хонаи домод қадам мегузорад, вале дар бисёр мавридҳо дучори рашку ҳасад ва гапшунавиҳои беасос аз хонаводаи шавҳар мегардад. Модар ва апаю хоҳари домод ба ҷойи он ки арӯси ҳанӯз дар ҳаёт таҷрибанадоштаро кӯмаку дастгирӣ намоянд, нисбати ӯ айбҷӯиву таъназанӣ мекунанд. Дар натиҷа орзую умедҳои наварӯсак барбод рафта, аз зиндагӣ дилшикаставу рӯҳафтода мешавад. Агар мабодо ба ягон узви хонаводааш ҳолати ногуворро баён кунад (дар бисёр мавриди ҳамрозу дугонаи келинчак модараш аст), аз ҷониби шавҳар барои «баровардани гапи хона» мавриди зарбу озор қарор мегирад.  

Зӯроварӣ дар оила фазои хонаводаро низ вайрон карда, боиси ба миён омадани нобоварӣ, нафрат ва аз байн рафтани муҳаббату самимият миёни зану шавҳар ва ҳатто фарзандон мегардад. Дар баъзе ҳолатҳо аҳли хонаводаи домод мисли филм нақш мебозанд. Яъне, модару апаи ё хоҳари домод дар набудани ӯ бо келин бадрафторӣ карда, шаънашро паст мезананду дар назди писар худро меҳрубон тарошида, ӯро сиёҳу бадном мекунанд. Вале вақте келини бечора асли гапро ба шавҳараш гӯяд, ба ҷои дастгирӣ бо «туҳмат» гунаҳкор дониста шуда, аз шавҳар гап мешунавад ё мавриди зарбу лат қарор мегирад. 

Равоншиносон мегӯянд, ки агар дар хонавода зӯроварӣ ҷой дошта бошад, он ба ахлоқи кӯдакон таъсири манфӣ мерасонад. Тибқи мушоҳидаҳо аксар ҷинояткорон аз оилаҳои носолим мебароянд. Чунки кӯдаке, ки дар оилаи пур аз хушунат ба воя мерасад, дар оянда дамдузд, бераҳм, тарсу ва рӯҳафтода мешавад. Аз ин рӯ, зӯроварӣ дар оила таҳдид ба солимии ояндаи ҷомеа аст.  

Бино ба иттилои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар аз ҷониби занон соли 2019 шумораи муроҷиаткунандагони зӯроварии хонаводагӣ ба ин ниҳод наздик ба 2500 нафарро ташкил медод, ки аксар духтаракони нав арӯсшуда ва ё занҳои шавҳари муҳоҷирдошта буданд. 

Баҳри бунёди оилаи солиму устувор, пешгирии зуроварӣ дар оила ва дар руҳияи неки инсони тарбия намудани фарзандони солеҳ, инчунин, дарк намудани оқибатҳои ҳуқуқии ақди никоҳ, огоҳ гардидан аз ҳуқуқу уҳдадориҳои зан дар муносибатҳои оилавӣ бартараф намудани камбудиҳои оиладорӣ, ба қайди расмӣ гирифтани ақди никоҳ, манъи ҳолати ғайриқонунии бисёрзанӣ, таъминоти модии кӯдакон тадбирҳои мушаххас амалӣ шаванд. Зеро пушаймонӣ суд надораду оқибати зӯровар зор мондан дар чорроҳаи зиндагист. Барои “илоҷа воқеа пеш аз вуқуъ” гуфта тавонистан, аз имрӯз бояд чора андешид.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД