formula
Нозияи Кароматулло ҷашни милод дорад!
666

Имрӯз яке аз чеҳраҳои намоёни санъати мусиқии эстарадии тоҷик, бонуи фариштарӯю фаришахӯй, ситораи дурахшони саҳнаи ҳунар Нозияи Кароматулло ҷашни милод дорад!

Ин паричеҳраи ширинсадо санаи 7-феврали соли 1988 дар шаҳри Душанбе дар оилаи хунёгари нотакрори тоҷик, зиндаёд Кароматуллои Қурбон ба дунё омадааст.

Нозия дар байни ду писар духтари ягона ва нозпарварди хонадон буд. Тавре ки модараш ва худи Нозияи Кароматулло нақл мекунанд, падараш Нозияро сахт дӯст медошт ва ҳамеша мисли гавҳараки чашмонаш эҳтиёт карда, хеле эрка мекард, аммо тақдири номард бармаҳал чашидани заҳри талхи ятимиро насиби духтари нозпарварди ҳофизи машҳур гардонд.

Вақте ки роҳбари бадеъии оркестри эстрадии “Гулшан” Кароматуллои Қурбон санаи 7-октябри соли 1992 аз ҷониби як гурӯҳ даррандаҳои одамсурат дар ноҳияи Ёвон ваҳшиёна ба қатл расонида шуд, Нозия ҳанӯз 4 сол ҳам надошт, вале бо ҳамон ақли кӯдаконааш якумра аз даст додани падари меҳрубонашро дарк карда, қатори калонсолон хун мегирист, аммо...

Зиндагӣ бо ҳама дарду ранҷҳояш идома дошт ва Нозия низ бо имдоди модари меҳрубонаш алорағми қисмати номард ба мубориза бархоста, ҳамроҳи бародараш Муҳаммадрафии Кароматулло бо таронаҳои ҷаззоб ва пурмаънӣ ҷойи холии падарро дар саҳна пур карданд.

Қадамҳои аввалинашро ба саҳнаи ҳунар Нозияи Кароматулло аз консертҳои ёдбудии падари ҷавонмаргаш оғоз намуда, бо садои дилнавозаш дар як муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи ҳазорон-ҳазор дилбохтагони таронаҳои эстрадӣ маъво гирифт.Садҳо занону мардони тоҷик аз рӯйи ихлос ва меҳру муҳаббати зиёдашон ба Нозияи Кароматулло духтарони худро Нозия ном ниҳодаанд.

Нозияи Кароматулло соли 2005 мактаби мусиқии ба номи Малика Собироваро хатм намуда, ба консерваторияи миллии шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дохил шуд ва соли 2010 онро бо муваффақият хатм карда, дипломи академии вокал ва рақси классикии ҳиндиро гирифт, ҳамчунин факултаи “Муносибатҳои байналмилалӣ”-и Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро хатм намудааст.

Инак, қариб 20 сол мешавад, ки номи Нозияи Кароматулло дар сархати ситораҳои эстрадаи тоҷик қарор дорад.
Барои хизматҳояш дар ҷодаи санъат ин ҳунарманди хушзавқ бо медали “Хизмати шоиста” сарфароз гардонида шудааст.

Дар баробари ситораи саҳна будан Нозия ҳамсари вафодор ва модари меҳрубон аст. Ин зебосанам соли 2014 ба шавҳар баромада, 7-декабри соли 2015 духтарчаи нахустинашро ба дунё овард. Айни замон Нозияи Кароматулло модари се фарзанд ва зани хушбахт аст.

Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ин ҳунарманди хушзавқро бо ҷашни милод сидқан муборакбод гуфта ба Нозияи Кароматулло хушбахтии оилавӣ ва парвозҳои баланди эҷодиро таманно доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД