Arzon march 2024
«Нури Зулол» - маҳсулоти таббиӣ бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас.
08.12.2020
Сухроб
1206

Дар бобати хусусиятҳои фоидабахши меваҳо ҳама медонанд, вале кам касон диққат медиҳанд, ки сабзавот низ дар баробари мева дар саломатии калонсолону кӯдакон нақши созгор мебозад. Маҳз ҳамин далел боиси он гардид, ки ширкатҳои пешрафтаи шарбатистеҳсолкунӣ диққати худро ба сабзавот ва хусусиятҳои муфиди он равона намуданд.

Вале бо назардошти урфу одатҳои мардуми мо, бо дилпурӣ гуфтан мумкин аст, ки мо бештар ғизои зебо ва ширинро дӯст медорем.

Оё мо сабзавотро дӯст медорем? Охир сабзавот низ хусусиятҳои муфид дошта, онро на танҳо ба хӯроку хӯришҳо илова кардан мумкин аст, балки аз он шарбатҳои муфиду табиӣ омода мекунанд.

Бо назардошти он, ки имрӯз тамоми аҳолии сайёра кӯшиши пеш бурдани тарзи ҳаёти солимро доранду сиёсати кишвар низ ҷонибдори тарзи ҳаёти солим аст, ширкати “Оби Зулол” назди худ масъулият гузоштааст, ки хати шарбатҳои меваву сабзавотии навъи «Premium»-ро роҳандозӣ намояд.

Ширкати “Оби Зулол” ба муштариёни худ афшураҳои табиии мевагин ва сабзавотиро бидуни консервантҳо, рангҳо ва дигар иловаҳо пешниҳод мекунад.

Афшураҳои навъи «Premium», ки аз меваву сабзавоти ватанӣ ва банану мангои тропикӣ иборатанд, ба ин маҳсулот лаззат ва хусусиятҳои махсус мебахшанд:

photo_2020-12-08 15.14.48

Себ – Сабзи;

Себ – Сабзи - Банан;

Себ – Каду – Банан;

Себ – Каду – Манго.

Навъҳои нави маҳсулоти афшурагии меваву сабзавотӣ таҳти бренди “Нури Зулол” аз рӯи технологияи гармогарм пур кардани шарбатҳо ба зарфҳои шишагӣ истеҳсол карда мешавад.

Саволе ба миён меояд - чаро дар зарфҳои шишагӣ ва гармогарм пур кардан чӣ маъно дорад?

Гармогарм пур кардани зарфҳо - ин шакли пуркуниест, ки ба мо аз дастурҳои модаркалон ва модарони мо ошно аст, вақте ки маҳсулотро то ҳарорати муайян гарм мекунанд ва дар ҳолати гармӣ ба зарфи шишагӣ рехта, зарфро ғелонда, сипас бо сарпӯш чаппа карда, хунук мекунанд. Ин восита на танҳо содда, зуд ва болаззат аст, балки муҳимтар аз ҳама муфид аст, зеро барои таъмини бехатарӣ ба маҳсулот ягон консервант илова карда намешавад. Мӯҳлати нигоҳдории чунин маҳсулот метавонад аз як сол зиёд бошад.

Илова бояд кард, ки ба фарқ аз ретсептҳои бибиҳои мо муддати ҷӯшонидани афшураҳо хеле кутоҳ аст ( аз 8 то 15 сония), ки дар ин муддат витаминҳо нобуд намешаванд, ҳол он ки бибиҳо ҳамин нозукиро ба эътибор нагирифта, бештар афшураҳоро меҷӯшониданд.

Афзалияти зарфҳои шишагӣ барои бастабандии маҳсулоти иборат аз шарбати мева ва сабзавот дар он аст, ки:

-Шиша аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, онро дубора истифода бурдан мумкин аст, ҳангоми истеҳсоли он партов ҳосил намешавад ва партофтани зарфҳои шишагӣ ба муҳити зист хатар эҷод намекунад.

- Шиша ба сифати маҳсулот таъсир намерасонад, аз ин рӯ, тамъи он бетағйир боқӣ мемонад.

- Шиша ба ҳарорати баланд тобовар аст ва истифодаи технологияи пур кардани моеи гармро имкон медиҳад, ҳамзамон нигоҳдории сифатҳои табиии меваро таъмин мекунад ва ба мӯҳлати дурудароз нигоҳубин намудани шарбатҳо имкон фароҳам меорад.

- Зарфҳои шишагӣ, ба фарқ аз пластикӣ, шакли худро тағйир намедиҳанд ва аз маҳсулоти тафсон вайрон намешаванд.

Гурӯҳи калонтарини истеъмолкунандагони тамоми афшураҳо мардон ва занони 20-65- сола, оилаҳое, ки кӯдакони аз 2 то 11- сола доранд, яъне онҳое мебошанд, ки тарзи ҳаёти фаъолро пеш бурда, ба арзишҳои анъанавӣ содиқанд.

Омили муҳим ҳангоми интихоби маҳсулоти афшурагӣ нархи маҳсулот аст ва бояд қайд кард, ки нархҳо барои тамоми хати маҳсулоти шарбати бренди “Нури Зулол” назар ба афшураҳое, ки дар рафҳои хӯроквории кишвар мавҷуданд, хеле пасттар аст.

Сабаб дар он нест, ки маҳсулоти бренди мазкур аз ҷиҳати сифат пасттаранд, балки “Оби Зулол” мекӯшад, ки аҳолиро бо нархи дастрас ва маҳсулоти дараҷаи ҷаҳонӣ таъмин намояд.

Ба ибораи дигар, мо аз истеъмолкунандагон дар бораи таркиби афшураҳо, истеҳсоли онҳо ё дигар хусусиятҳои фарқкунандаи маҳсулоти худ чизеро пинҳон намедорем.

Дар ҳақиқат, айни замон, маҳсулоти шарбатбарории бренди “Нури Зулол” беҳтарин маҳсулоти афшуравӣ аз ҷиҳати сифат ва нарх дар дохили кишвар ба шумор меравад.

Мегӯянд, ки «Шунидан кай бувад монанди дидан". Дар ин ҳолат, шумо бояд ҳадди аққал як маротиба маҳсулоти шарбати бренди “Нури Зулол”-ро санҷед ва ба ин маҳсулот як умр ошиқ шавед.

Шумо метавонед тамоми маҳсулоти “Оби Зулол”-ро дар нуқтаҳои савдо, рафҳои мағозаҳо таҳти шиори «Маҳсулоти миллӣ бо сифати ҷаҳонӣ ва нархи дастрас» пайдо кунед ё метавонед ба воситаи Shop.obizulol.tj барои расонидани дархости ройгони онлайнӣ фармоиш диҳед.

photo_2020-12-08 15.16.36

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД