Arzon march 2024
Ҳоҷӣ Иброҳим ба Хасбик ҷомаву қурут бурд
1148

Блогери хурдакак, вале маъруфи кишвар Муҳаммадҷон Сайвалиев ё Ҳоҷӣ Ибоҳим дирӯз бо Хасбулла Магамедов, ё Хасбик, варзишгар ва блогери шинохтаи доғистонӣ, ки дар Душанбе қарор дорад, дидору мулоқот кард. Дар ин бора продюссери Ҳоҷӣ Иброҳим ба “Oila” хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки Ҳоҷӣ Иброҳим чун анъанаи миллии тоҷикӣ ба Хасбик ҷомаву саллаи зардӯзӣ туҳфа кард. Блогери доғистонӣ ҳадяро ба хушнудӣ пазируфта, ҳамон замон ба бар кард.

Ҳамзамон, онҳо барои меҳмон қурути тоҷикӣ бурданд ва дар як наворе, ки ба дасти “Oila” расид, дида шуд, ки он шӯр буда, ба Хасбик писанд наомаду блогер баъди чашидани тамъаш онро гардонда ба халта андохт.

Дар рафти суҳбат, блогерон оид ба ҳамкорӣ дар оянда, фазои блогинг ва вазъи блогнависони тоҷик суҳбат карда, Ҳоҷӣ Иброҳим ба Хасбулла пешниҳод кард, ки ӯро дар Тоҷикистон дӯст медоранду тамошо мекунанд ва доир ба зебоиҳои кишвари мо бештар аксу навор гузошта, тез – тез ба ин ҷо ояд.

Ёдовар мешавем, ки Хасбулла Магамедов, варзишгар ва блогери шинохтаи доғистонӣ, ки бо тахаллуси Хасбик маъруф аст, ду рӯз қабл вориди шаҳри Душанбе шуд. Ба иттилои манбаи мо, Хасбулла бо мақсади истироҳат ва сайру гашт ба Тоҷикистон омадааст.

Ба баёни манбаи мо, ӯро як ҳайати русҳо ҳамроҳӣ мекунанд ва блогер аз Дубай ҳамроҳаш тарҷумон овардааст. Хасбик ният дорад, ки табиати дилфиреби Тоҷикистонро тамошо ва дар диёри зебоманзари мо истироҳат кунад.

Дар ин давра ӯ аллакай ба Варзоб рафт ва аз табиати дилфиреби он ҷо чанд акс ҳам нашр кард. Қарор аст, ки ӯ давоми чанд рӯз меҳмони Тоҷикистон шавад. Ин варзишгари шинохта айни ҳол ҳамроҳ бо рафқонаш дар меҳмонхонаи маъруфи “Ҳайат Реҷенси”-и Душанбе истиқомат дорад.

Бояд гуфт, ки Хасбулла 7 июли соли 2002 дар мавзеи маъруфи Махачқалъа ба дунё омадааст. Ӯ дар синни калонсолӣ бо намуди зоҳирии кӯдакона, гуфтори нофаҳмо ва қадди камтар аз 100 см аз дигар ҳамсолонаш фарқ мекунад. Аз моҳи сентябри соли 2022 вай сафири таблиғоти муҳорибаҳои омехтаи UFC дар Русия мебошад.

Тасмими муҳориба бо блогери шинохта ва овозхони маъруфи тоҷик Абдурозиқ ба Хасбик маъруфияти бештар овард. То моҳи ноябри соли 2022 видеои нишасти матбуотии ин ду муборизи эстрада дар саҳифаи Асҳоб Тамаев беш аз 17 миллион тамошобин пайдо кард.

Баҳори соли 2023 Магомедов ба Иёлоти Муттаҳида сафар карда, дар он ҷо бо роҳбари UFC Дана Уайт мулоқот кард, бо боксёри шинохта Майк Тайсон суҳбат кард. Ба гуфтаи Ҳабиб Нурмагомедов, “Хасбик дар Амрико назар ба Русия машҳуртар аст”. Ин блогер дар миёни корбарони фаъоли интернет, махсусан, сегменти тоҷикии он маъруфияти зиёдеро бархӯрдор аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД