Oila Navruz
Облава: Донишҷӯёнро ҳам ба аскарӣ мебаранд(4-акс)
9644

 

Корманди техникии “Тоҷикистон” Фирдавс Саторов дар рӯзи рӯшан, бе ному нишон ғайб зад. Кормандони ҳафтанома ба таку дав афтоданд. Ҳама дар таҳлука буданд.

Хатари чоп ношудани ҳафтанома аз эҳтимол дур набуд. Ба хонааш занг задем. Гуфтанд, ки субҳи барвақт ба кор рафта буд. Шояд дар роҳ нохушие рӯй дода бошад? Кормандони ҳафтанома барои ҷустуҷуй ба беморхонаҳо сафарбар шуданд. Вале ҳама кушишҳо об дар ҳован кӯфтан буд.

Вале ногоҳ занги телефони идора баланд шуд. Аз он тараф садои пуризтироб ба гӯш мерасид:

- Маро қапиданд, облава, - расид ба гӯш садои ӯ.

- Куҷо, кӣ?

Якбора садои телефон қатъ шуд. Ҳама ҳамкорон хомӯшона ба ҳамдигар навиштанд. Муҳаррир ба ман ва наворбардор дастур дод, ки зуд аз пайи тадқиқи ин ҳодиса шавам. Аввал рӯй ба комисариати ҳарбии ноҳияи Фирдавсӣ овардем. Роҳбарои комисарият моро ба хушӣ пазируфт, арзамонро пурсид. Чун аз асли воқеа бохабар буд, бо телефон ба касе занг зад ва ному насаби ҳамкори моро гирифт ва аз ӯ хоҳиш намуд то аниқ кунад, ки чунин шахсро овардаанд ва ё на. Нафари дар пушти хат буда ҷавоби рад дод, ки бо чунин ному насаб ҳеҷ касро ба шуъба наовардаанд. Мо узр пурсидем ва роҳ ҷониби комисарияти ҳарбии ноҳияи Сино пеш гирифтем.

     Одамрабои дар рӯзи равшан

   Вақте ба назди комисарияти ҳарбии ноҳияи Сино расидем, анбуҳи зиёди одамонро дидем, ки ба хотири дидани фарзандону пайвандони худ бо навбат ба комисарият медаромаданд ва баъди баромадан бо қаҳру ғазаб кормандони онро дашмон медоданд, ки фарзанди донишҷӯ ва ё маъюби онҳоро зӯран ба хизмат равона карда истодаанд. Мо ҳам назди қабулгоҳ рафта ному насаби ҳамкорамонро гуфтем ва хоҳиш намудем, ки дар бораи он ҷо будан ё нобуданаш ба мо маълумот диҳанд. Аммо нафари қабулкунанда дағалона аз мо пурсид :

- Шумо боз ки? Чикора ҳастед?

- Аз ҳафтаномаи “Тоҷикистон”.

-Барои чи омадед?

-Як корманди моро аз роҳ дошта ба комисарияти ҳарбӣ овардаанд, ӯ донишҷӯй ҳам ҳаст. Мо мехоҳем бо роҳбарият сӯҳбат кунем, ки дар кадом асос шахси донишҷӯро зӯран ба камисарият меоранд?!

– Ҳамкортон тамом, мера хизмат! Роҳбарият боша, қати шумобаринако гапам намезана!

   Чун дигар чорае набуд, мо камераро фаъол карда, наворгириро сар кардем. Ин ҳолатро дида ҳама кормандони комисарият ба хотири он, ки дар кадр наафтанд, дарҳоро маҳкам карда, пинҳон шуданд. Вақте камероро хомӯш кардем нохост дар кӯшода шуду ду марди тануман аз дар берун шудан ва гӯё хафноктарин ҷинояткорро дида бошанд, моро чангол зада, дохили бино ва аз он ҷо ба саҳни ҳавлӣ кашиданд. Дар рӯи ҳавли нафаре дар куси такя карда менишаст ва аз кару фарру ҳашоматаш маълум, ки роҳбари “одамрабоян” маҳз ӯст. Тахминам дуруст баромад. Вай ба ғазаб ба сухан омад:

-Шумора кӣ иҷоза додааст, ки мақомоти давлатира ба навор гирен?

Ман дар ҷавоб гуфтам, ки рӯзноманигор ҳастам ва ин ҳуқуқи конститутсионии ман аст.

-Аз кадом ҳафтаномаен?

-Ҳафтаномаи “Тоҷикистон”

-Мехонӣ?

-Не хатм кардам.

-Таваллудат чандай?

-1995

-Эҳе е е ба пои худут омади ку! Бар ай камисия гузаронуш рост хизмат роиш мекунем бо и мора барнома мекардай! Барномара да хизмат қати ҳамкорут ду каса мекунен, тез баре делаш куне!

Нафари фармоиш гирифта маро кашолакунон дохили бино бурд. Ӯ дар бораам маълумоти пурра гирифт ва фармон дод, ки либосҳоямро кашида аз комисия гузарам. Ман ҳам паст наомада онҳоро аз ғайри қонуни кор карданашон огоҳ мекардам. Борояшон таъкид кардам, ки якаписар ва сардори оила ҳастам. Аммо суханони ман ба гӯши кар азон хондан буду бас.


Нафароне низ ҳастанд, ки бо додаи худованд қонеъ нагашта, мехоҳанд ҷинси худро бо роҳи ҷарроҳӣ иваз намоянд.


        Аз гуруснаги мемурам

Ҳамин тавр зуран фармон доданд то либосҳоямро кашида аз комисия гузарам. Ночор либосҳоямро бадар кардам ва аз паси фармони кормандони дағалрафтору даҳонифлоси (суханҳои қабеҳ мегуфт) комисарияти ҳарбӣ гаштам. Дар баробари ман даҳҳо нафар ҷавонони дигар аз комисияи ҳарбӣ мегузаштанд. Аз ҳар кадоме пинҳонӣ мепурсидам, ки чи гуна ба инҷо афтидаанд. Ҳама як посух доштанд: “Моро ранги худут қапида оварданд”.

Яке мегуфт соатҳо инҷоям ҳеҷ чиз нахӯрдаам, ҳоло аз гуснагӣ мемурам, дигаре даъво мекард, ки ман доношҷӯи фалон донигоҳам ҳақ надоранд маро инҷо нигоҳ доранд.

Аз нафаре, ки маро аз муоинаи тиббӣ мегузаронд гуфтам, ки бо ин рафторатон обрӯи Вазорати мудофиаро паст мекунед, ин амали шумо ғайриқонунӣ ва нақзи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад. Он шахси масъул боз бо ҳамон дағали ҷавоб дод:

-Ки гуфтай мо ғайриқонунӣ кор мекунем? Кори мо сад фоизай аз куҷое қапем мегирем, миёремуш. Ҳама ҳози донишҷую маълиму коргар шудай, кӣ хизмат мекуна?

   Рости баъди ин посух ба он ҳарбии бадгуфтор дигар чизе нагуфтам ва баъд аз тамом шудани муоинаи табби (Хушбахтона аз ҳамааш солиму саломат баромадам) нохост ҳамон нафаре, ки маро кашолакунон дохили комисарият дароварда буд, номамрро гирифта садо баровард:

- Лубосота пӯш берун баро!

Ман либосҳоямро пӯшида, аз пасаш баромадам ва дар берун чашмам ба ҳамкорамон (таҷрибабомӯз аз факултаи рӯзноманигории ДМТ) Бахтовар Сафаров афтод, ки шояд аз тарс бошад дириқ дириқ меларзид. Дуртар аз ӯ роҳбари облава меистод. Он роҳбар норизоёна ба ман нигоҳ карда гуфт: Роҳбартон занг зад мо дар боратон маълумоти пурра гирифтем ҷавоб шумода.

Вақто, ки берун баромадам як нафар корманди дигари рӯзнома дар назди дар меистод. Дуртар аз ӯ ҳамон корманди субҳ бе ному нишон гумшудаамон Фирдавс Саторров корманди ҳафтаномаи “Оила” меистод. Ба ту чи шуд, пурсидам аз ӯ.

Субҳ кор меомадам. Дар назди бозорчаи маҳалаи 33 як нафар корманди милитсия наздам омад. Ӯ пурсид, ки куҷо меравам. Дар ҷавоб гуфтам, ки бозорча ва баъдан ҷои кор . Боз пурсид, ки таваллудам соли чанд аст. Соли 1997 аст, гуфтам. Ту дурӯғ мегуӣ, гуфт ва аз дастам гирифта ҷониби шӯъбаи милитсия бурд.

-         Аз ман чи мехоҳед? пурсидам аз ӯ.

-         Ту дурӯғ мегӯӣ, дурӯғгуӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад.

Аз шуъба ду нафари дигар, ки либоси мулкӣ доштанд ба ӯ ҳамроҳ шуданд ва аз ду тараф аз банди дастам чун ҷинояткор қапида дохили Мерседес (металика) тела карда ба шӯъбаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино оварданд. Ҳарчанд гуфтам, ки донишҷуй ҳастам, ба суханам эътибор надоданд.

Ҳама ба идора баргаштем ва сари мизи банду басти видео нишастем. Аммо ҳайҳот. Ҳама наворҳои моро кормандони комиссариати ҳарбӣ бо зурӣ аз дасти наворбардор гирифта кӯр карда буданд. Хостанд бо ин роҳ амали ғайри қонунии худро пинҳон кунанд. Аммо офтобро бо доман пинҳон кардан намешавад!



Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД